Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларзаи Фарғона 13 нафар ҷон бохтанд


Бар асари заминларзаи шаби гузашта дар вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон дасти кам 13 нафар ҷон бохта ва беш аз 80 нафар захмӣ шудаанд.

Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбакистон, 35 нафари осебдидагон ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар бархе навоҳии Фарғона манзилҳои зист фурӯ рехта, роҳҳо хароб шудаанд.

Хадамоти геологии ИМА хабар дод, ки дар маркази заминларза, тақрибан 40 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Фарғона, нерӯи зилзила ба 6,2 дараҷаи Рихтер баробар буд.

Дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон як марди 43-сола аз тарс аз ошёнаи дуюм ба замин ҷаҳида, бар асари ба замин бархӯрдани сараш аз олам даргузаштааст.

Заминларзаро сокинони Қирғизистон ва манотиқи ҷанубии Қазоқистон ҳам эҳсос кардаанд. Дар ин кишварҳо биноҳои зиёде қисман валангор шудаанд.
XS
SM
MD
LG