Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ба ҷануби Сомалӣ гуруснагӣ омад


Созмони Милали Муттаҳид расман дар бораи гуруснагӣ дар ду минтақаи ҷанубии Сомалӣ хабар дод. Ба иттилоъи ин созмон, аллакай ду ҳазор нафар бар асари гуруснагӣ ҷон додаанд. Сомалӣ ба шадидтарин дар чанд даҳсолаи ахир хушсолӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ҷануби Сомалӣ таҳти назорати гурӯҳҳои ифротгаро қарор дорад. Ду сол пеш мусаллаҳон интиқоли ёрии башарӣ ба ин минтақаро манъ карда буданд. Онҳо чанд рӯз пеш маҷбур шуданд, ки тасмими пешини худро лағв кунанд.
XS
SM
MD
LG