Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 кушта ва 83 ғарқшуда дар нимаи аввали сол


Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 78 офати табиӣ рух додааст, ки бар асари ин офот 8 нафар ҷон бохтаанд. Дар айни давраи соли гузашта дар ин кишвар бар асари 195 офат 49 нафар ҳалок шуда буд, ки бахши аъзамаш қурбониёни селхезии пурқурбонии моҳи май дар шаҳри Кӯлоб буданд. Раиси кумитаи изтирорӣ Ҳабибулло Латипов ба "Азия Плюс" гуфтааст, ҷамъи хисороти расида бар асари офатҳои имсола 38 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба 231 миллион сомонӣ хисороти офатҳои табиӣ дар нимаи аввали соли гузашта бамаротиб камтар аст. Оқои Латипов аммо афзуд, ки имсол шумори ғарқшудагон дар ҳавзу дарёҳо ду маротиба афзуда, ба 63 нафар расидааст.
XS
SM
MD
LG