Генерали амрикоӣ Девид Петреус дирӯз расман аз мақоми фармондеҳии нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон канор рафт. Дар як маросими вижа дар Кобул генерали дигари амрикоӣ Ҷон Аллен фармондеҳии нирӯҳои эътилофро бар ӯҳда гирифт. Аллен дар ҷанги Ироқ ҳамчун фармондеҳ ном баровардааст. Петреус акнун ба мақоми раҳбари Идораи марказии ҷосусии Амрико менишинад.
Таҳвили масъулияти фармондеҳии нирӯҳои эътилоф ҳамагӣ як рӯз баъд аз оғози раванди таҳвили масъулияти таъмини амният ба нирӯҳои афғон ва ҳам як рӯз баъд аз қатли Ҷонмуҳаммад Хон, як мушовири калидии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар натиҷаи ҳамла ба манзилаш дар Кобул сурат гирифт.