Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни инфиҷор дар Мумбай


Теъдоди қурбониёни инфиҷорҳо дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ба 19 нафар расид.

Шаби гузашта бар асари ҷароҳатҳо боз ду нафар аз олам даргузаштанд. Беш аз сад нафар дар бемористонҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.

Полиси шаҳр ҳанӯз дар робита ба гумонбарони ҳодиса иттилоъе нашр накардааст. Ба ҷуз Мумбай тафтиши ин ҳодиса дар се шаҳри дигар – Бангалор, Ҳайдаробод ва Ранчӣ ҳам идома дорад.

Масъулияти ҳамла ба шаҳрро ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.Рӯзи чаҳоршанбе дар яке аз маҳаллаҳои серодами Мумбай - дар бозори ҷавоҳирот пайи ҳам се инфиҷор рух дод.

Дуввуним сол пеш бар асари як ҳамлаи густурдаи ифротгароҳо ба ин шаҳр 166 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG