Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон аз интихоби дубораи раиси кумиссиюн нигаронанд


Гарегин Азариён
Гарегин Азариён
Кумиссиюни марказии Интихоботии Арманистон, ки аъзои он ба тозагӣ таин шудаанд, нахустин ҷаласаи худро баргузор ва Гарегин Азариёнро бори дигар раиси ин кумиссиюн интихоб кард. Ҳоло дар таини аъзои ин кумиссиюн тағирот пеш омадаст. 7 нафар аъзои онро Омбудсмен, Додгоҳи таҷдиди назар ва Ассосиатсияи Арманистон пашниҳод мекунанд ва бар асоси ин пешниҳод онҳоро раиси ҷумҳур таин мекунад. Раиси ҷумҳур рӯзи чаҳоршанбе ин пешниҳодҳоро ба таври расмӣ таъйид кард. Азариён барои 7 сол раиси ин кумиссиюн таин шуд ва он шаку тардиди мухолифони сисёсии раиси ҷумҳурро барангехтааст.
XS
SM
MD
LG