Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимзода: "Боз ду маҳбуси фирорӣ дастгир шуданд"


 Шерхон Салимзода-Додситони кулли Тоҷикистон
Шерхон Салимзода-Додситони кулли Тоҷикистон
Ходимони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон боз ду фирории маҳбаси тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷиргатоли ҳаммарз бо Қирғизистон ба ҳабс гирифтаанд. Дар нишастии матбуотии рӯзи сешанбе додситони куллли Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар ин бора гуфт:
“Аз 25 маҳбусе, ки соли гузашта аз маҳбаси тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буданд, 21 нафар аллакай дастгир ва безарар карда шудаанд. Рӯзҳои наздик ду шаҳрванди Русия-яке Казбек Ҷабраилов ва Низомӣ Абиев дар ноҳияи Ҷиргатол дастгир карда шудаанд”.
Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, ки дар минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон ҷустуҷӯи як нафари дигар идома дорад.
Шаби 23 августи соли 2010-ум 25 маҳбуси зиндони тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нозиронро ба қатл расонда, аз маҳбас фирор карда буданд. Дар байни онҳо 4 нафар шаҳрванди Русия, чор афғон, ду шаҳрванди Узбакистон ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дар амалиёти ҷустуҷӯи фирориён 17 нафар боздошт шудаву 4 каси дигар ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG