Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуман Райтс Вотч ҷонибдори таҳқиқи аъмоли Буш аст


World -- Human Rights Watch logo
Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Вотч (Human Rights Watch) аз президенти ИМА Барак Обама даъват кардааст, таҳқиқи ҷиноии амалкарди баъзе мансабдорони маъмурияти президенти собиқи ин кишвар Ҷорҷ Бушро фармон диҳад. Ба қавли ин созмон онҳо истифодаи шиканҷа дар муқобили боздоштшудагонро дастур дода буданд.
Ҳуман Райтс Вотч дар як гузориши иборат аз 107 саҳифа навиштааст, ки маъмурияти президент Обама ӯҳдадориҳои байналмилалии ИМА дар иртибот бо Эъломияи зидди шиканҷаро иҷро накардааст.
Ба қавли вакилони Ҳуман Райтс Вотч шаҳодати кофӣ ҷамъ шудааст, ки таҳқиқи иттиҳоми ҷиноятҳои низомии чор мансабдори воломақоми пешин-собиқ президенти ИМА Ҷорҷ Буш, собиқ ноиб-президенти ИМА Дик Чейнӣ, собиқ вазири мудофиа Доналд Рамсфилд ва собиқ раиси Хадамоти марказии кашфи ИМА Ҷорҷ Тенет оғоз ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG