Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев таҳқиқи фарогири қазияи "Булгария" шуд


Мақомоти Русия мегӯянд, умеди зинда пайдо кардани қурбониёни киштии дирӯз дар рӯди Волга ғарқшуда қариб намондааст. Вазири ҳолоти изтирории Русия Сергей Шойгу гуфт, аз 208 сарнишини киштии «Булгария», ки дар наздикии Қазон - пойтахти ҷумҳурии Тотористон зери об рафт, 80 нафар наҷот ёфтаанд. Ғаввосон аҷсоди 13 тани дигарро аз об берун кашидаанд, вале беш аз 100 тани дигар, бо шумули ҳудуди 50 кӯдак, дар дохили киштӣ банд мондаанд ва бовар меравад, ки ҳалок шудаанд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев хостори таҳқиқи фарогири қазия шуд: “Бояд мӯшикофона таҳқиқ кард, ки чаро чунин иттифоқ пеш омад ва чаро киштидор киштиеро бо чунин вазъи фаннӣ истифода мебурд?”
Рӯзи сешанбе дар Русия ба ёди қурбониёни ин фоҷиа рӯзи мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG