Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сониҳаи боз як ҳавопаймо дар Русия


Сониҳаи ҳавопаймое, ки имрӯз ба таври изтирорӣ бар рӯи рӯди Об дар минтақаи Сибири Русия нишаст, мунҷар ба ҳалокати 5 нафар ва ҷароҳатҳои сангин бардоштани 4 тани дигар шудааст. Ҷамъи сарнишинони ҳавопаймо 33 нафар будааст. Ин ҳавопаймо, бино ба хабарҳо, ба иллати оташ гирифтани яке аз муҳаррикҳояш тақрибан дар 2500-километрии шимолушарқи Маскав ба рӯи рӯдхонаи Об нишасти изтирорӣ анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG