Ғаввосоне, ки машғули ҷустуҷӯи бозмондаҳои сониҳаи киштӣ дар рӯди Волгаанд, то нимаи имрӯз асҷоди дастикам 13 нафарро аз об берун кашидаанд. Аммо онҳо мегӯянд, аҷсоди беш аз 100 тани дигар, аз сарнишинони киштии “Булгария”, ки дирӯз дар ин рӯд ғарқ шуд, ғолибан дар дохили киштӣ банд мондаанд. Бовар меравад, ки дар дохили киштӣ беш аз 50 кӯдак низ банд мондаанд. Шоҳидон мегӯянд, кӯдаконро чанд дақиқа қабл аз сониҳа барои бозӣ дар як толори киштӣ ҷамъ карда буданд. Аз ин сониҳа ҳамагӣ 18 нафар ҷони солим ба дар оварданд. Яке аз наҷотдиҳандагон мегӯяд, талошҳои онҳо барои пайдо кардани ғарқшудагон аз худи дарё натиҷа намедиҳад: «Мо қад-қади ҳарду соҳил рафтем – на касеву на чизе! Ба ҷуз аз садои мавҷҳо ҳеҷ чизе шунида намешавад. Касе нест.»
Киштии «Булгария» ҳанӯз соли 1955 дар Чехословакия сохта шуда, дар масири байни шаҳрҳои Булғор ва Қазон шино мекард. Иллатҳои сониҳаи ин киштӣ таҳти таҳқиқ қарор дорад.
Киштии «Булгария» ҳанӯз соли 1955 дар Чехословакия сохта шуда, дар масири байни шаҳрҳои Булғор ва Қазон шино мекард. Иллатҳои сониҳаи ин киштӣ таҳти таҳқиқ қарор дорад.