Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Кохи Сафед роҷеъ ба будҷа бо нокомӣ анҷом ёфт


Баъд аз нокомии музокирот роҷеъ ба касри будҷаи Амрико бо аъзои ҷумҳурихоҳи Конгресс Барак Обама-раиси ҷумҳури ин кишвар хост, ки дар ин замина музокироти бештар анҷом бигирад. Ҷон Буҳнер-узви боломақоми Конгресс аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ гуфт, коҳиши маблағи будҷа бояд бо мизони ҳадди аксари қарз мутобиқат кунад. Вай афзуд, ҳар гуна тавофуқ бояд хориҷ аз хостаи Обама дар бораи боло бурдани молиёт ба даст ояд. Барак Обама ва раҳбарони Конгресси ин кишвар аз ҳар ду ҳизб дар Кохи Сафед музокира анҷом доданд, то роҳҳои раҳоӣ аз бунбасти қарзро пайдо кунанд. Ин музокирот камтар аз 90 дақиқа давом кардааст ва бино ба гузоришҳо он имрӯз идома меёбад. Рӯзи якшанбе Тимоти Гатнер-вазири молияи Амрико гуфт, агар то 2 август роҳи ҳали масъала пайдо нашавад, иқтисоди Амрико ба “шикасти фоҷеавӣ” дучор мешавад. Гатнер аз тариқи телевизиони Амрико гуфт, ҷумҳурихоҳон “роҳи дигаре надоранд” ба ҷуз ин, ки дар бораи будҷа бо Кохи Сафед ба тавофуқ бирасанд. Ҳоло ҷумҳурихоҳону демократҳо роҷеъ ба коҳиши касри будҷа бо ҳам ихтилоф доранд.
XS
SM
MD
LG