Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи хуруҷи Борис Немтсов бекор карда шуд


Борис Немтсов
Мақомоти Русия мегӯянд, ки муқаррароти манъи хуруҷи Борис Немтсов-яке аз раҳбарони мухолифони ин кишварро аз миён бардоштаанд. Хадамоти Федеролии Додгоҳии Русия дар эъломияе гуфтааст, ки тасмими қаблӣ дар бораи манъи хуруҷи Борис Немтсов аз Русия қабл аз вақт аст. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки порламони Аврупо аз мамнуъулхуруҷ эълон шудани Немтсов интиқод ва тақозо кард, ки ба таври фаврӣ тасмим дар бораи манъи хуруҷи вайро аз миён бардоранд. Моҳи гузашта вазорати адлияи Русия ҳизби мухолифонро ба раҳбарии Борис Немтсов сабти ном накард ва порламони Аврупо дар қатъномаи худ гуфт, чунин маҳдудиятҳо гуногунандешии сиёсиро дар Русия барҳам мезанад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG