Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд ба Афғонистон камтар ниру мефиристад


Низомиёни Ҳолланд имрӯз гуфтанд, ки 160 сарбози худро ба Афғонистон мефиристанд. Ин сарбозон ба 220 машшоқи полиси Ҳолланд ҳамроҳ мешаванд, ки ҳоло зери ҳимояти нируҳои Олмон дар вилояти Қундузи Афғонистон мустақаранд. Дар маҷмӯъ, 545 нафар сарбозон ва машшоқони полиси ҳолландӣ то соли 2014 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд ва ба нируҳои НАТО кӯмак хоҳанд кард. Дар оғоз Ҳолланд қавл дода буд, ки ба Афғонистон 1 600 сарбоз мефиристад, вале акнун ин тасмимро навъе ақибнишинӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG