Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Иркутск


Дар шаҳри Иркутск дар қаҳвахонаи озарбойҷониҳо миёни чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон моҷарои лафзӣ сар задааст. Дар ин моҷаро як озарбойҷонӣ ба Анвархон Назиров-шаҳрванди Тоҷикистон ду корд задааст. Ҳилолиддин Ширинов-раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Иркутск ба радиои Озодӣ гуфт:

“Шаҳвандони мо ба як кафеи озарбойҷониҳо даромада, бо озарбойҷониҳо ҷанҷол кардаанд. Як озарбойҷонӣ ба яке аз шаҳрвандони мо ду корд задааст. Вай дар роҳ ба беморхона ҷон додааст”.

Ширинов мегӯяд, онҳо рӯзи сешанбе ҷасади Анвархон Назировро ба зодгоҳаш ба ноҳияи Восеъ фиристодаанд. Назиров дар Иркутск бо корҳои сохтмонӣ машғул будааст ва ҳоло барои расидагӣ ба куштори вай парванда боз шудааст.
XS
SM
MD
LG