Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар лӯлаи гази Миср--Исроил--Урдун


Бино бар хабарҳо дар лӯлаи гази миёни Миср, Исроил ва Урдун инфиҷоре ба вуқӯъ пайваста, интиқоли газ дар ин масир қатъ шудааст. Манобеи наздик ба хадамоти амнияти Миср ба Ройтерз гуфтаанд, ин амали тахрибкорона дар бинои яке аз помпҳои газ дар шимоли нимҷазираи Синай ба амал омадааст. Гуфта мешавад, як мошин чанде пеш аз таркиш дар ин ҷо бозистодааст. Дар ҷои инфиҷор сӯхтори газ забонаҳои оташро ба баландии даҳ метр баровардааст. Айни чунин инфиҷор дар моҳи апрел ба қатъи интиқоли газ аз лӯлаи байнулмилалӣ сабаб гашта буд.
XS
SM
MD
LG