Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили ҳамроҳ бо боздоштҳо аз иди истиқлоли Беларус


Аляксандр Лукашенка ва писари шашсолааш Коля расми дар гашти низомӣ
Аляксандр Лукашенка ва писари шашсолааш Коля расми дар гашти низомӣ
Беларус имрӯз аз рӯзи истиқлолаш дар пасманзари саркӯбии мухолифин, аз ҷумла боздошти нахустин раҳбари пасошӯравии ин кишвар, таҷлил мекунад. Станислав Шушкевич, ки аз соли 1991 то 1996 раиси парлумони Беларус буд, рӯзи шанбе дар марз бо Литва, дар роҳи бозгашт аз як анҷумани демократӣ дар Вилнюс боздошт шуд. Ӯро баъдан раҳо карданд, вале мухолифин мегӯянд, боздошти ӯву даҳҳо тани дигар ба хотири фурӯ нишондани эътирозҳост. Рӯзи 3 июл рӯзи озодии пойтахти Беларус –Минск – аз нирӯҳои Олмони фашистӣ дар соли 1944 буда, аз соли 1996 ба ин сӯ ҳамчун Рӯзи истиқлоли Беларус таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG