Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳилларӣ Клинтон аз мақомоти Беларус


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон дар ҳамоиши байнулмилалии “Ҷомеаҳо барои демократия” дар Вилнюс, пойтахти Литва, ба вазъи Беларус ишора кард ва даъват намуд, фишор ба раҳбарияти ин кишвар тақвият ёбад:

“Мо талаб мекунем, Беларус маҳбусони сиёсиро озод кунад ва ба роҳи ислоҳоти демократӣ қадам гузорад, зеро барои мардуми Беларус дидани тазоди мутлақи хеш бо ҳамсоягонаш хеле ғамангез аст ва ба ёди мо меорад, ки бунёди Аврупои ягонаву озод ҳанӯз як кори нотамом аст.”

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Беларус даҳҳо нафар аз ширкаткунандагони эътирозҳои зидди режими Лукашенкоро барои мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ кардаанд ва саркӯби мухолифон дар ин кишвар дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG