Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии BBG аз боздошти Урӯнбой Усмонов дар Тоҷикистон


Бӣ Бӣ Ҷӣ, (BBG) Шӯрои мудирони барномаҳои бурунмарзии Амрико аз боздошти Урӯнбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Радиои Бӣ Бӣ Сӣ дар Тоҷикистон эътироз кард, ки ӯ ба узвият дар созмони тундрави Ҳизб ут Таҳрир муттаҳам мешавад. Дар баёнияи расмии Бӣ Бӣ Ҷӣ омадааст, “хабарнигори байналмилалӣ аз чунин навъи саркӯбии хашмбарангез зиёд ранҷ мекашанд”. Волтер Исаасксон, мудири ин ниҳод гуфт, “гузоришҳои Урунбой Усмонов аз ҷумла дар бораи Ҳизб ут-Таҳрир, кори хабарнигорӣ аст, на ҷиноят. Айни замон як намояндаи Бӣ Бӣ Сӣ гуфт, дар Тоҷикистон бо Урӯнбой Усмонов мулоқот кардааст ва аз вазъи сиҳатии ӯ нигарон аст. Урӯнбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Бӣ Бӣ Сӣ дар Хуҷандро рӯзи 13 июн дар ҳамин шаҳр боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG