Амрико аз тасвиби Қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ибрози нигаронии амиқ кардааст. Кумиссиёни Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ бо нашри баёнияе гуфтааст, қонуни мазкур, ки ҳузури кӯдакон дар маросими мазҳабиро иҷоза намедиҳад, ҳуқуқу озодиҳои маҳдуди мазҳабӣ дар Тоҷикистонро маҳдудтар мекунад. Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Қонуни масъулияти падару модаронро рӯзи 15 июн тасвиб кард. Леонард Лео, раиси Кумиссиёни Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ гуфтааст, “аз ин таҳаввулоти нороҳаткунанда бисёр нигарон аст ва аз давлати Амрико мехоҳад, ки ба раиси ҷумҳур Раҳмон фишор биёрад, то монеъи ҳукми иҷро гирифтани ин қонун шавад.” Ӯ афзудааст, дар сурати ҳукми иҷро гирифтани қонуни мазкур озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон боз ҳам таназзул хоҳанд ёфт.