Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Юнон имрӯз боз коршиканӣ мекунанд


Дар Юнон имрӯз коршикании умумимиллӣ доир мешавад.

Қарор аст, аксари кормандони идораҳои буҷавӣ, аз ҷумла, табибон, ронандагони мошинҳои ёрии таъҷилӣ, хабарнигорони расонаҳои давлатӣ ва ҳатто ҳунармандони театри давлатӣ коршиканӣ кунанд. Онҳо алайҳи нақшаи ҳукумат барои 28 миллиард евро коҳиш додани масрафоти буҷа эътироз хоҳанд кард.

Барои таъмини низом дар хиёбонҳои Афина 5 ҳазор кормандони полис сафарбар шудаанд.

Рӯзи душанбе нахуствазири Юнон Георгиос Папандреу аз парлумон даъват кард, ки аз барномаи коҳиши масрафоти буҷа ба хотири дарёфти кумаки 12 миллиард еврогии Иттиҳодияи Аврупо ва сандуқи байнулмилали пул пуштибонӣ кунад.

Юнон чанд моҳ боз ба бӯҳрони шадиди молиявӣ рӯ ба рӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG