24 июн Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Афғонистон мувофиқатномаи ҳамкорӣ имзо шуд. Дар ин мувофиқатнома Маликшо Неъматов-муовини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Муҳаммад Зоҳир Акбар-раиси Кумитаи олимпии Афғонистон имзо гузоштанд. Рӯзи ҷумъа боздиди Муҳаммад Зоҳир Акбар-раиси Кумитаи олимпии Афғонистон аз Тоҷикистон оғоз шуд ва он чаҳор рӯз давом мекунад.