Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи НАТО дар фазои Либия ғайб зад


Имрӯз дар фазои Либия як чархболи бесарнишини нерӯҳои байнулмилалӣ ғайб зад.

Дар ин бора Майк Брэкен, намояндаи маркази амалиёти НАТО дар шаҳри Неаполи Италия, хабар дод ва гуфт, ки чархбол ба ҷамъоварии иттилоъ машғул буд.

Ҳамзамон ӯ афзуд, "НАТО тайид мекунад, ки дар ҷараёни амалиёти “Муҳофизи муттаҳида” ягон чархболи низомиро талаф надодааст".

Аз ин пеш як низомии воломақоми Либия аз тариқи телевизиони давлатӣ хабар дод, ки нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Либия дар минтақаи Злитан, воқеъ дар 40 километрии ғарби шаҳри бандарии Мисурата, чархболии низомии “Апачи”-ро нобуд карданд.
XS
SM
MD
LG