Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад аломате барои тағйири вазъ нишон надод


Башор Асад гуфт, ки Сурия дар як “нуқтаи чархиш” қарор дорад. Баъди чаҳор моҳи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ имрӯз, зимни суханрониаш дар Димишқ, раиси ҷумҳурии Сурия ҳеҷ аломате дар заминаи коҳиш додани фишор ё тағйири сиёсат ба намоиш нагузошт.

Қабл аз ин суханронӣ, сафири Сурия дар Вашингтон дар як мусоҳибааш гуфтааст, ки ҳукумат дар миёни тақозоҳои қонунии мардум ва гурӯҳҳои силоҳбадаст тафовут мегузорад ва қарор аст, ҳамаи ин масоил дар суханронии имрӯзаи Асад инъикос шавад. Бар тибқи иддаои мухолифин, дар давоми тамоми муддати эътирозҳо, дар саросари Сурия беш аз 1400 нафар кушта шуда 10 ҳазор нафар боздошт гардиданд.

Беш аз 10 ҳазор шаҳрванди дигари Сурия маҷбур шуданд хоки кишварро тарк карда дар Туркия паноҳ бубаранд. Ҳазорҳо нафари дигар бо фирор аз бебандубориҳову ошӯбҳо, дар марзҳои дохили Сурия дармондаанд.
XS
SM
MD
LG