Интизор меравад, имрӯз Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, доир ба таҳаввулот ва тазоҳуроти зиддидавлатие, ки чаҳор моҳ аст, Сурияро фаро гирифтааст, суханронӣ кунад. Дар ин бора хабаргузории расмии САНА-и Сурия хабар дода ва аз ин бештар дигар чизе нагуфтааст. Баъди оғози тазоҳуроти зиддидавлатӣ ва бо талаби озодиҳои бештару демократия дар моҳи март, бори саввум аст, ки Башшор Асад дар ин бора суханронӣ мекунад. Моҳи апрел ӯ эълом кард, ки баъди тақрибан 50 сол вазъи фавқуллода дар Сурия хотима дода мешавад. Ӯ ҳамчунин аз марги тазоҳургарон ибрози таассуф кард ва мухолифонашро ба муколама даъват намуд.