Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Эътилофи созмонҳои Тоҷикистон аз боздошти Усмонов


Эътилофи созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон роҷеъ ба таҳияи гузориши алтернативӣ аз ҷараёни иҷрои Муқовиланомаи зидди шиканҷа аз боздошти Урунбой Усмонов-хабарнигори бахши Осиёи Марказии Би Би Си изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора эътилофи мазкур 18-ӯми июн изҳорот пахш кард. Мақомоти амниятии Тоҷикистон Усмоновро барои узвият дар Ҳизб ут-Таҳрир муттаҳам эълон карданд. Дар изҳороти эътилоф омадааст, қонуни Тоҷикистон иҷоза намедиҳад, ки ниҳоде қабл аз судури ҳукми додгоҳ касеро муттаҳам эълон кунад. Чунин меъёр дар санади байналмиллалии ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ низ оварда шудааст санаде, ки Тоҷикистон низ дар он имзо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG