Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ва Фаронса хостори кӯмаки молиявӣ ба Юнонанд


Раҳбарони Олмон ва Фаронса изҳор намуданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз коҳиши қурби евро ба Юнон кӯмаки оҷили молиявӣ бояд кард.

Дар ин бора Ангела Меркел ва Николя Саркозӣ дар як нишасти хабарии муштарак баъд аз музокирот дар Берлин изҳорот пахш карданд.

Онҳо гуфтанд, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳангоми таҳияи бастаи кӯмакҳо ба Афина ба сармоягузорони хусусӣ ҳам умед мебандад.

Аз ин пеш Георгиос Папандреу, сарвазири Юнон, дар чаҳорчӯби тағйирот дар ҳукумат, Эвангелос Венизелосро ба мақоми вазири молия пешбарӣ кард. Венизелос аз ин пеш курсии вазири дифоъро ишғол мекард ва қаблан рақиби асосии Папандреу дар мубориза барои раёсати ҳизби сотсиалистӣ низ буд.

Ҳукумати Юнон дар чаҳорчӯби мубориза бо бӯҳрони шадиди молиявӣ дар кишвар коҳиши масрафоти буҷаро ба роҳ мондааст.

Мубориза бо касри буҷа – шарти асосии Итиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул барои дар ихтиёри Юнон гузоштани қарзи 110 миллиард еврогӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG