Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми генералҳои Покистон аз фармондеҳи артиш


Бино ба гузориши матбуоти Амрико, генерал Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон, аз дохил таҳти фишори афзоянда қарор гирифтааст, ки ё аз мақомаш биравад ва ё муносибот бо Амрикоро камтар кунад. Рӯзномаҳои “Ню Йорк Таймс” ва “Вашингтон Пост” навиштаанд, генералҳо ва афсарони баландрутбаи покистонӣ чунин мепиндоранд, ки Ашфақ Каёнӣ бо Амрико ҳамкории наздик доранд ва баъди қатли Усома Бен Лодан дар моҳи гузашта аз ӯ бисёр хашмгин шудаанд. Бехабарии артиш ва хадамоти ҷосусии Покистон аз ин амалиёти Амрико, онҳоро шармсору ҳиҷолатзада кард ва ҳаёҳуеро доир ба бесалоҳиятии онҳо барангехт. Муносиботи Амрикову Покистон, ки баъди ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 қавӣ шуд, ҳоло ба поинтарин сатҳи худ расидааст.
XS
SM
MD
LG