Ниҳодҳои вазорати дохилии Беларус дар вилояти Брест мегӯянд, бар зидди як сокини Бараневичи парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин шаҳрванд, ки аз вай ном бурда намешавад, аз ронандаи сафорати Тоҷикистон 6 800 доллар гирифтааст ва қавл додааст, ки аз як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба вай мошин меорад. Ба ҷуз аз шаҳрванди Тоҷикистон 4 шаҳрванди дигари худи Беларус низ ба доми фиреби ин ҳаннот афтодаанд. Раёсати умури дохилии Брест гуфтааст, дар сурати исботи ҷурм ба ин ҳаннот аз 3 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад ва дороии вай мусодира хоҳад шуд.