Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ анҷом гирифт


Имрӯз дар Тоҷикистон дар робита бо Рӯзи ҷаҳонии хунсупорӣ рӯзи маъракаи хайрияи хунсупорӣ анҷом гирифт. Ҷараёни ин маъракаро шабакаҳои радиоиву телевизионии Тоҷикистон пахш карданд. Бино ба хабарҳо, дар ин маърака, ба ҷуз аз шаҳрвандони Тоҷикистон кормандони созмонҳои байналмиллалии муқими Душанбе низ ба ниёзмандон ба таври хайрия хун супоридаанд. Соли гузашта дар ин маърака ҳудуди 40 ҳазор нафар ширкат карда буданд.
XS
SM
MD
LG