Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад ба хурӯҷи генерал Наҷиб аз Сурия иҷоза надод


Башор Асад
Башор Асад
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ба хоҳарзодааш генерал Отиф Наҷиб то анҷоми тафтиши ҳаводиси моҳҳои ахир хуруҷ аз кишварро манъ кард.

Хабаргузории Associated Press бо такя ба оҷонси давлатии SANA иттилоъ медиҳад, ки генерал Наҷиб раёсати амнияти вилояти Даръо, воқеъ дар ҷануби Сурияро, бар дӯш дорад. Миёнаҳои моҳи март дар ин вилоят баъд аз боздошти 15 наврас, ки дар деворҳо нақошӣ мекарданд, нооромиҳо шурӯъ шуданд. Бар асари бархӯрдҳо дар минтақа даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд,

Имрӯз дар шаҳри Ҷиср-аш-Шукур, воқеъ дар шимолу шарқи Сурия, нерӯҳои ҳукуматӣ гӯристони дастаҷамъии даҳ корманди амниятиро пайдо карданд. Гуфта мешавад, ки дар бадани ҳамаи онҳо нишонаҳои шиканҷа ошкор шудааст.

Дирӯз нерӯҳои ҳукуматии Сурия тавассути тонку чархболҳо ин шаҳрро таҳти назорати худ қарор доданд. Ҳафтаи гузашта, ба иттилоъи расмӣ, дар Ҷиср-аш-Шукур бар асари ҳамлаҳои мусаллаҳона 120 корманди полис ба ҳалокат расиданд.

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад даъват кард, ки ба талаби мардум гӯш диҳад.
XS
SM
MD
LG