Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия имрӯз интихоботи порлумонӣ дорад


Дар Туркия имрӯз интихоботи порлумонӣ идома дорад, ки ба эҳтимоли қавӣ дар он бори дигар ҳизби нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдӯғон пирӯз хоҳад шуд. Номзадҳои 15 аҳзоби сиёсӣ ва 200 номзади мустақил барои роҳ ёфтан ба порлумони дорои 550 курсӣ дар Туркия рақобат мекунанд. Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, ғолиби ду интихоботи пешина, саъй дорад, то 330 курсии порлумонро аз они худ кунад. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот шоми имрӯз эълом мешавад.
XS
SM
MD
LG