Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтӯгуи мудири CIA бо мақомоти Покистон


Леон Паннета, мудири Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё ЦРУ дар мулоқот бо раҳбарони Покистон масъалаи андоза ва ҳавзаи фаъолияти маъмурони иттилоъотии Амрико дар он кишварро баррасӣ мекунад. Як мақоми покистонӣ ба хабаргузории "Ассосиейтед Пресс" гуфтааст, ду тараф ин масъаларо баррасӣ мекунанд, ки маъмурони амниятии Амрико ҳаққи иҷрои кадом кор дар Покистонро доранд ва ба чанд нафарашон иҷозаи ҳузур дар ин кишвар дода мешавад. Амрикову Покистон гурӯҳи муштараке таъсис додаанд, ки тундравону паноҳгоҳҳои онҳо дар Покистонро ҷустӯҷу мекунанд.
XS
SM
MD
LG