Додгоҳи шаҳри Чикагои Амрико яке аз соҳибкоронро бо номи Таҳаввур Рано маҳкум ба зиндон кардааст, ки дар анҷоми ҳамла ба рӯзномаи даниягӣ кӯмак кардааст. Ин рӯзнома аксҳои танзомези Муҳаммад-паёмбари исломро чоп карда буд. Вале ин додгоҳ иттиҳомоти ворида ба ин соҳибкорро, ки барои ҳамкорӣ бо созмондиҳандагони ҳамлаи соли 2008-и Мумбай ба вай баста буданд, аз эътибор соқит донист. Додгоҳ гуфтааст. Таҳаввур барои фароҳам овардани заминаҳои кӯмаки моддӣ ба ҳимоят аз терроризм дар Дания муттаҳам эълон шуд.