Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мисрота дастикам 12 чирикӣ кушта шуданд


Табобати як чирикии захмӣ дар бемористони саҳроие дар атрофи Мисрота
Табобати як чирикии захмӣ дар бемористони саҳроие дар атрофи Мисрота
Чирикиҳои Либия мегӯянд, имрӯз бар асари ҳамлаи нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ ба шаҳри Мисрота, як пойгоҳи мухолифин дар ғарби Либия, дастикам 12 чирикӣ кушта шуданд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз вазирони дифоъи НАТО дар Брюссел тааҳҳуд супурданд, ки ”то замоне ки лозим аст”, ба амалиёт дар Либия идома дода, алайҳи режими Қаззофӣ аз ҳама “васоили лозим” кор хоҳанд бурд. Нишасти Брюссел ба зарурати истеъфои Қаззофӣ низ таъкид кардааст. Дар ин нишаст тасмими НАТО ҷиҳати тамдиди амалиёти Либия то 90 рӯзи дигар тасвиб шуд. Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен аммо гуфт, НАТО фикри истиқрори нирӯҳояш дар Либия дар пайи хатми низоъро надорад.
XS
SM
MD
LG