Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳалокати 16 ҷангии мазнун дар Шаввол

Мақомоти маҳаллии Покистон мегӯянд, имрӯз бар асари шиллики мушакҳо тавассути ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар шимолуғарби Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон дастикам 16 ҷангии мазнун кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ин афрод дар минтақаи қабиланишини Шавволи Вазиристони шимолӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Амрико имсол истифодаи ҳамлаҳо тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишинро алайҳи ҷангиёни мустақар дар шимоли Покистон тавсиъа додааст. Рӯзи душанбе бар асари се шиллики мушакҳо дар Вазиристони ҷанубӣ низ ҳудуди 20 нафар кушта шуданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Қазоқистон як зан баъди дархости кумак аз мақомот хост, худро оташ занад

Қазоқистон. Эътирози гурӯҳе аз сокинон. Акс аз бойгонӣ.

Индира Усетаева, сокини шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки аз мақомоти маҳаллӣ кумак хоста буд, шоми 26 ноябр дар назди бинои шаҳрдорӣ ба сару рӯяш бензин пошида, талоши худсӯзӣ кард. Вале кормандони пулис монеи худсӯзии ӯ шуданд.

Шаш зане, ки ҳамроҳи Усетаева рафта буданд, истеъфои шаҳрдор Мурод Айтеновро талаб карданд. Ин занон аз иттилоияи шаҳрдории Чимкент, ки гуфтааст, ҳамаи муроҷиаткунандаҳо дар рӯзи 23 ноябр "кумаки молӣ дарёфт карданд", ба ғазаб омадаанд.

Он рӯз дар назди бинои шаҳрдории Чимкент бо талаби истеъфои Айтенов беш аз 100 зан ҷамъ омада буданд. Яке аз занҳо гуфт, чизе надорад, ки хонаашро гарм кунад ва дигарӣ изҳор дошт, ки фарзандони ӯ ба Интернет дастрасӣ надоранд, то таҳсили худро идома диҳанд. Севумӣ изҳори нигаронӣ кард, ки чизе барои хурдан надорад.

Шаҳрдории Чимкент 25 ноябр бо нашри иттилоияе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ба ҳафт зане, ки муроҷиат карда буданд, аз ҷониби давлат кумаки молӣ расонида шуд. Дар иттилоия қайд шуда буд, ки Усетаева беш аз 1 миллион танга дарёфт кард.

Вале занон 26 ноябр дубора дар назди шаҳрдории Чимкент ҷамъ шуда, хабари мазкурро дуруғ номиданд. Онҳо аз шаҳрдор талаб карданд, ки қазияро шарҳ диҳад. Вале Айтенов ба назди онҳо набаромад.

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, мақоми расмии забони русӣ бекор карда шавад

Қомуси русӣ-қирғизӣ. Акс аз бойгонӣ.

Узви Маҷлиси конститутсионии Қирғизистон Садирдин Торалиев дар ҷаласаи рӯзи 26 ноябр пешниҳод кард, аз Конститутсия бандеро ҳазф кунанд, ки ба забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ медиҳад.

"Ман мефаҳмам, ки шаҳрвандон ҳар қадаре забон бештар донанд, ҳамон қадар хуб аст ва мо низ ба воситаи забони русӣ ба бисёр чизҳо ноил шудем. Вале мо бояд қонуни алоҳидаеро қабул карда, забонҳои хориҷиро рушд диҳем. Дар Конститутсия танҳо мақоми забони қирғизӣ дарҷ ёбад", - изҳор дошт Торалиев.

Ба гуфтаи ӯ, агар зарурат набошад шаҳрвандони Қирғизистон забони миллиро нахоҳанд омӯхт.

"Мо ба забони русӣ одат кардаем. Ин гуна набояд бошад. Мо забони худро аз даст медиҳем. Инсон ҳамин хел аст, ки то ӯро вазифадор накунӣ, ӯ чизеро намеомӯзад", - афзуд узви маҷлис.

Тибқи Конститутсияи кунунии Қирғизистон, забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ дорад. Иттиҳоди нерӯҳои сиёсии Қирғизистон, ки соли 2019 ислоҳоти конститутсиониро хостор шуда буд, пешниҳод кард, то мақоми расмии забони русӣ бекор шавад. Вале иҷрокунандаи пешини вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи октябри соли равон дар мулоқот бо сафири Русия гуфт, ин масъала баррасӣ нахоҳад шуд.

Дар Туркманистон мубориза бо фурӯшандаҳои асъор сахттар шуд

Пули миллии Туркманистон.

Дар Туркманистон мубориза бар зидди хариду фурӯши асъори хориҷӣ тақвият дода шудааст. Дар натиҷа қурби 1 доллари амрикоӣ, ки то ду ҳафта пеш дар "бозори сиёҳ" 23 манат буд, ба 25,6 манат расид.

Болоравии қурби доллар нархи маҳсулотро ҳам дар бозорҳои Туркманистон 10-15 дарсад боло бурдааст.

Чанд манбаъ гуфтанд, кормандони пулис рӯзҳои ахир мубориза бо саррофонро дар бозорҳои шаҳри Туркманобод сахттар кардаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, кормандони пулис саррофонро бо суханҳои қабеҳ аз бозор меронанд ва мегӯянд, дигар барнагарданд.

"То чанде пеш саррофон муштариёнро дар бозорҳо истиқбол гирифта, "мепурсиданд, ки доллар ҳаст?". Вале аз дирӯз дар ҷойҳое, ки саррофон меистоданд, кормандони пулис дида мешаванд", - гуфт хабарнигор.

Як сарроф аз Туркманобод ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, муборизаи кормандони пулис бо саррофон аввали ҳафтаи равон оғоз шудааст, вале сабабҳояш ба онҳо маълум нест.

Facebook ҷаримаи таъйин кардаи додгоҳи Русияро пардохт

Акс аз бойгонӣ.

Ширкати Facebook чаҳор миллион рублеро пардохт кард, ки додгоҳи Русия барои интиқол надодани сервери маълумоти шахсии корбарони рус ба он кишвар ширкатро ҷарима баста буд. Дар ин бора "Интерфакс" бо истинод ба Додгоҳи Тагани шаҳри Москва иттилоъ дод.

Додгоҳи Русия моҳи ферали соли равон Facebook ва Twitter-ро барои нақзи қонуни ин кишвар дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии корбарони рус дар ҳудуди он кишвар 4-миллионрублӣ ҷарима баст.

Дар як қатор давлатҳои дунё қонуне қабул шудааст, ки ширкатҳои иҷтимоиро вазифадор мекунад, то сервери маълумоти шахсии корбаронро дар ҳудуди кишварҳояшон нигаҳ бидоранд.

Додгоҳ ҳамчунин моҳи апрели соли 2019 Facebook ва Twitter-ро барои надодани иттилоъ дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии корбарони рус ба "Роскомнадзор" се ҳазор рубл ҷарима баста буд.

Маҳмуди Аҳмадинажод: Қонуни ҳиҷоб бояд бо хости аксарияти мардум мутобиқ бошад

Маҳмуди Аҳмадинажод

Раиси ҷумҳури пешини Эрон гуфтааст, қонуни ҳиҷоб дар Эрон бояд бо хости аксарияти мардум мутобиқ карда шавад. Маҳмуди Аҳмадинажод дар суҳбат бо Меҳдии Насирӣ, сардабири собиқи рӯзномаи "Кайҳон" бо ишора ба қонуни ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон гуфтааст, "агар Маҷлис як қонун гузоштаву аксарияти ҷомеа мегӯяд, ман қабул надорам, метавонед бигӯед, ки ба ҳар қимате ҷорӣ мекунам?" Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, навишт, мусоҳибаи Аҳмадинажод рӯзи 26-уми ноябр тавассути Ютюб ва шабакаи иҷтимоии Телеграм нашр шуд. Қаблан Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ аз ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон дифоъ карда, онро монеи "озори ҷинсӣ" номида буд. Дар солҳои поёнии давраи дувуми раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод нишонаҳое аз ихтилофи миёни ӯ ва Хоманаӣ пайдо шуд. Вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии се сол пеш номзадиашро пешниҳод кард, ки гуфта мешуд "бар хилофи тавсияи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ" буд ва ба ҳамин далел Шӯрои нигаҳбон номзадии ӯро рад кард.

Дагир Хасавов, вакили хонаводаи Ҳувайдо Тилозода, 6 сол зиндонӣ шуд

Дагир Хасавов. 13-уми ноябри 2020

Дагир Хасавов, вакили мудофеи шинохтаро дар Русия ба 6 сол зиндон маҳкум кардаанд. Хабаргузории ТАСС навишт, ҳукми додгоҳи Измайловои шаҳри Маскав рӯзи 26-уми ноябр содир шуд. Ӯро барои шаҳодат ё баёноти бардурӯғ айбдор кардаанд. Қаблан намояндаи додситонӣ барояш тақрибан 7 соли маҳрумӣ аз озодиро талаб карда буд. Александр Лебедев, вакили мудофеи Дагир Хасавов, ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, бино ба ҳукми додгоҳ "ӯ давраи ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард". Вале айни замон афзудааст, аз рӯйи ҳукм шикоят мекунанд, чун ба бегуноҳии нафари зери ҳимояташ бовар доранд. Ин вакили шинохта рӯзи 17-уми сентябри соли 2019 дастгир шуд. Вай он замон аз ҳаққи хонаводаи Ҳувайдо Тилозода, кӯдаки қатлшудаи тоҷик дар Русия ҳимоят мекард. Ҳамзамон вакили дифои раҳбари пешини ҳукумати Доғистон Абдусамад Ҳомидов ва муовини ӯ Раюдин Юсуфов буд. Ӯро дар доираи ҳамин парванда боздошт карданд. Худи Хасавов иттиҳомро беасос дониста, боздоштро дорои ангезаҳои сиёсӣ донистааст. Дагир Хасавов моҳи январи соли 2016 барои суҳбат бо аъзои он замон боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломӣ ба Душанбе рафта буд, аммо пас аз як нишасти матбуотӣ зуд баргашт.

Парвозҳои Fly Dubai-ро ба Тоҷикистон кам кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai парвози доимиашро ба Тоҷикистон кам кардааст. Аз ин ба баъд ҳавопаймои ширкат ҳафтае як бор дар масири Дубай - Душанбе ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Чунин тасмимро Ситоди мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон ва бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир гирифтааст. Намояндагони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло гуфтушунид дар бораи барқарории парвозҳои доимӣ бо Чину Тошканд ва Русия идома дорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи муносибатҳои ояндаи Эрону Амрико гуфт

Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Эрону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико агар бихоҳанд, метавонанд ба шароите, ки ду кишвар то 20-уми январи соли 2017 ба он мувофиқа карда буданд, баргарданд. Яъне шароити қабл аз ба қудрат расидани Доналд Трамп. Рӯҳонӣ рӯзи 25-уми ноябр дар ҷаласае дар Теҳрон гуфт, Эрон ба ин иқдом омода аст, агар Амрико ҳам хоста бошад. Вай мегӯяд, "умед дорем, давлати ояндаи Амрико дар аввалин қадам сиёсатҳои Трампро нисбат ба Эрон маҳкум кунад." Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунон гуфт, ҳукумати нави Амрико бояд сиёсатҳои, ба қавли ӯ, нодурустеро, ки ҳукумати пешина дар тӯли чаҳор сол ҷорӣ карда буд, ҷуброн кунад. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар соли 2018 кишварашро аз созиши ҳастаии қудратҳои бузург бо Эрон хориҷ карда, таҳримҳоро алайҳи Эрон аз нав оғоз кард.

Трамп мушовири пешини амнияти миллиашро афв кардааст

Майкл Флин

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, мушовири пешини амнияти миллиаш Майкл Флинро афв кард. Бо бахшида шудани Флин, ба таъқиби додгоҳии ӯ дар робита ба таҳқиқот дар мавриди мудохилаи Русия дар интихоботи президентии соли 2016 низ поён дода шуд. Майкл Флин муттаҳам аст, ки барои иртиботаш бо русҳо дар ин қазия ба идораи таҳқиқоти федеролии Амрико дурӯғ гуфтааст. Трамп рӯзи 25-уми ноябр дар Твиттер навишт, "ифтихори бузург аст, ки афви комили генерал Флинро эълом мекунам." Ин иқдом сабаби интиқоди вакилони демократ, аз ҷумла Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико, шуд.

Сокинони осебдидаи Сардоба мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам бехонаанд

Сокинони осебдидаи Сардоба 23-юми ноябр ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карда, талаб намуданд, ки ба онҳо хонаи нав диҳанд.

Соҳибони манзилҳое, ки дар натиҷаи рахнашавии садди обанбори Сардобаи Узбекистон зарар дидаанд, мегӯянд, бо вуҷуди фаро расидани фасли сармо ҳанӯз ҳам бехона ва дар мактабу боғчаҳо ҳастанд.

"Бо се фарзандам дар кӯча мондаам. Мақомоти маҳаллӣ дар як боғи техникӣ манзили муваққатӣ додаанд, вале ҳамроҳи фарзандон дар рӯйи бетон хоб меравем. То имрӯз ба ҳама чиз тоқат кардем, вале баъди оғози сардиҳои шадид косаи сабри мо лабрез шуд. Аз ваъдаҳои холӣ хаста шудем", - гуфт Одина Расулова, як сокини Сардоба.

Сокинони осебдидаи Сардоба 23-юми ноябр ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карда, талаб намуданд, ки ба онҳо хонаи нав диҳанд.

"Вақте ба вакили мудофеъ муроҷиат кардам, ба ман гуфтанд, ки мақомоти маҳаллӣ ҳақ надоштанд, хонаи Шуморо вайрон кунанд. Он танҳо дар ҳолати розигӣ додани ман бояд тахриб мешуд. Дар ҷойи манзили ман бинои панҷошёна сохтанд, вале хонаводаи ман бесарпаноҳ аст", - изҳор дошт сокини дигари Сардоба бо номи Сайёра Холбоева.

Як корманди ҳукумати ноҳияи Сардоба зиёд шудани шикоятҳои шаҳрвандонеро тасдиқ кард, ки дар натиҷаи обхезӣ хонаҳои худро аз даст додаанд.

Обанбори Сардобаи Узбекистон моҳи майи соли 2018 мавриди истифода қарор гирифта, барои обёрии заминҳо бунёд шуда буд. Дар оғози моҳи майи имсол садди он рахна шуд. Дар натиҷа ба камияш 70 ҳазор сокини атрофи обанбор ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Русия ба маблағи 8 миллион доллар ба Қирғизистон кумаки ғизоӣ додааст

Акс аз бойгонӣ

Русия ба маблағи 8 миллион доллар ба Қирғизистон кумаки ғизоӣ фиристодааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат ва рушди иҷтимоии Қирғизистон рӯзи 26-уми ноябр хабар доданд. Ин кумак аз 9 миллион тонна маҳсулот иборат аст ва ба хонаводаҳое, ки аз пайомадҳои бемории COVID-19 зиён дидаанд, тақсим карда мешавад. Дар моҳи июли имсол Муассисаи ғизоӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз бадшавии амнияти ғизоӣ дар саросари дунё, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дода буд. Дар моҳи октябр нисбат ба моҳи декабри соли 2019 дар Қирғизистон қимати маҳсулоти ғизоӣ 9,6 дарсад афзудааст. Ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки арзиши баъзе аз маҳсулоти ғизоиро ба танзим хоҳад даровард.

Идораи таъминкунандаи барқро дар Узбекистон ба додгоҳ кашиданд

Сокинони баъзе аз минтақаҳои Узбекистон аз набудани барқу газ шикоят доранд

Кумитаи зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Узбекистон идораи таъминкунандаи барқи пойтахти он кишвар, шаҳри Тошкандро ба додгоҳ кашид. Кумитаи зиддиинҳисорӣ мегӯяд, идораи таъминкунандаи барқ қонун "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон"-ро вайрон кардааст. Ба гуфтаи кумита, дар моҳҳои октябр ва ноябр ширкати таъминкунандаи барқ ба далели қарздорӣ барқи сокинонро қатъ, аммо баъд аз пардохти қарз барқи сокинон дубора таъмин нашудааст. Бино ба хабарҳо, ҳафтаи гузашта 17 ҳазор истифодабарандаи барқ дар пойтахти Узбекистон бе барқ мондаанд. Дар ҳафтаҳои охир дар Узбекистон дар пайи сардтар шудани ҳарорати ҳаво қатъшавии барқ ва гази сокинон зиёд мушоҳида мешавад.

Дар як шабонарӯз дар Амрико марги 2400 касро аз коронавирус сабт кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Дар як шабонарӯзи ахир дар Иёлоти Муттаҳида марги 2400 касро аз бемории коронавирус сабт кардаанд. Ин омори баландтарини маргумир аз бемории ҳамагир дар ним соли гузашта дар Амрикост. Ин рақам дар ҳоле сабт шудааст, ки амрикоиҳо рӯзи 26-уми ноябр аз ҷашни шукргузорӣ таҷлил мекунанд ва хонаводаҳо гирдиҳам меоянд. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, шаби 25-уми ноябр дар суханронияш ба муносибати иди шукргузорӣ аз мардум хост, талошҳоро барои муқобила бо вируси нав шиддат бахшанд ва ҳангоми таҷлил аз ид фосилаи ҷисмониро риоя кунанд. Ӯ афзуд, "мо бо вирус дар ҷангем, на бо ҳамдигар".

Ба Барнои Бекматзода иҷозат надодаанд, бинои комиссариати ҳарбии Кӯлобро навор гирад. ВИДЕО

Барнои Бекматзода аз тарафи чап

Ба хабарнигори тоҷик, Барнои Бекматзода, иҷоза надодаанд, ки бинои комиссариати ҳарбии Кӯлобро ба навор гирад. Комиссариатҳои ҳарбӣ дар фасли баҳору тирамоҳ ба далели вуҷуди “облава” ё “сарбозшикор” дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

Хабаранигорон ин ҳолатро ба маҳдуд шудани озодии баёну фаъолияти рӯзноманигорони мустақил рабт доданд. Комиссари комиссариати ҳарбии Кӯлоб мегӯяд, танҳо дар сурати доштани иҷозати Вазорати дифоъ, банаворгирии бино имконпазир хоҳад буд.

Барнои Бекматзода рӯзи 25-уми ноябр гуфт, “комиссар ҳангоми ба навор гирифтан бо ман муноқиша кард. Ҳатто муттаҳам кард, ки гуё барои душманони бегона кор мекунем ва аз ин рӯ ҳаққи ба навор гирифтани биноро надоштаем.”

Баҳс баъди ним соли он рух дод, ки шаҳрдори Кӯлоб ба раҳбарони ҳамаи идораҳо дастур дода буд, бо хабарнигорон ҳамкорӣ кунанд ва робитаи хуб дошта бошанд. Ӯ гуфта буд, “мардак дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад, проблемаро бо чашми худ мебинад, инъикос мекунад. Мову шумо вазифадорем, ки иҷро карда, баррасӣ кунем.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Баҳси комиссари ҳарбии Кӯлоб бо хабарнигори маҳаллӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Сӣ Ҷинпин дар паёме ба Ҷо Байден ба рушди муносибатҳо ибрози умед кард

Сӣ Ҷинпин

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин, пирӯзии Ҷо Байден, президенти мунтахаби Амрикоро дар интихоботи ахир табрик гуфтааст. Расонаҳои давлатии Чин рӯзи 25-уми ноябр гузориш доданд, ки Ҷинпин ибрози умедворӣ кардааст, робитаҳо бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва тибқи орзуҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш равад. Пештар Вазорати корҳои хориҷии Чин ба Ҷо Байден паёми табрикӣ фиристода буд. Сӣ Ҷинпин баъд аз он ба Байден паём фиристод, ки Доналд Трамп, президенти феълӣ мувофиқа кард, раванди интиқоли қудрат расман оғоз шавад, ҳарчанд шикасти худро дар интихобот напазируфтааст. Натиҷаҳои овоздиҳии ҳайати интихоботии Амрико рӯзи 14-уми декабр эълон хоҳад шуд. Раиси ҷумҳури нави Иёлоти Муттаҳида 21-уми январи соли 2021 савганд ёд мекунад.

Сенати Фаронса ба эътирофи истиқлоли Қаробоғи Кӯҳӣ даъват кард

Сенати Фаронса аз ҳукумати ин кишвар даъват кард, ки Қарабоғи Куҳиро ҳамчун ҷумҳурии мустақил эътироф кунад.

Сенаторҳои фаронсавӣ гуфтаанд, яке аз сабабҳое, ки истиқлоли Қарабоғи Куҳӣ бояд эътироф шавад, ин "сиёсатҳои тавсиаталабонаи Туркия" аст.

Ба бовари сенаторҳо, амалкардҳои Туркия дар минтақаи шарқии баҳри Миёназамин, Шарқи Наздик ва Қафқоз "яке аз омилҳои асосии бесуботсозӣ аст". Дар даъвати сенаторҳои фаронсавӣ омадааст, ки ин амалҳо барои Фаронса ва Аврупо дар маҷмуъ хатаровар ҳастанд.

Сенати Фаронса "хушунати низомии Озарбойҷонро, ки бо кумаки мақомоти Туркия анҷом шудааст", маҳкум мекунад.

Муаллифони даъватнома гуфтаанд, Фаронса якҷо бо Русияву ИМА аз ҷумлаи кишварҳои танзимгари вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ аст. Дар ин робита сенаторҳо пешниҳод кардаанд, ки ҳукумати Фаронса барои ҷойгир кардани нерӯҳои посдори сулҳи байналхалқӣ дар Қарабоғи Куҳӣ талош варзад.

Боку дар посух ба даъвати сенаторҳои фаронсавӣ гуфтааст, ки Озарбойҷон истиқлоли Қарабоғро эътироф нахоҳад кард. Дар вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфтанд, ки даъватномаи сенаторҳои фаронсавӣ қувваи ҳуқуқӣ надорад.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27-уми сентябри соли равон якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ гашт ва дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом карданд.

Низои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Қатъи сартосарии барқ дар Қазоқистонро ба мушкилот дар Узбекистон рабт доданд

Акс аз бойгонӣ

Вазири энержии Қазоқистон Нурлан Ногаев қатъи ногаҳонии интиқоли барқ ба шаш вилояти ин кишвар бо шумули шаҳрҳои Чимкент ва Алматоро шарҳ дод.

Ӯ рӯзи 25-уми ноябр гуфт: "Миёни низомҳои барқии Узбекистону Қазоқистон номувозинатӣ ба вуҷуд омад. Бо шарофати маҳорати мутахассисони мо, аз ҷумла кормандони KEGOC тавонистем, мушкилро дар кӯтоҳтарин муддат - 17 дақиқа бартараф намоем. Рӯзи баъдӣ ҳам дар вилоятҳои мазкур барқ ду соат хомӯш шуд, вале онҷо симҳо канда буданд. Сабаби пешакӣ - номувозинатӣ байни низомҳои барқии ду кишвар ба қисми техникие, ки нерӯи барқро интиқол медиҳад, таъсири манфӣ расонд. Шояд, барои ҳамин интиқоли барқ қатъ шуд."

Рӯзи 17-уми ноябр якбора дар чанд вилояти Қазоқистон, аз ҷумла Ҷамбил, Алмато, Қазоқистони Шарқӣ, Туркистон, Қарағанда, Қизилорда ва шаҳрҳои Чимкенту Алмато нерӯи барқ қатъ шуд.

Сокинони Алмато мегӯянд, давоми чанд дақиқа дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр чароғакҳо кор намекарданд, троллейбусҳо аз ҳаракат боз монда, дар роҳҳо танбашавӣ ба миён омада буд.

Мақомот дар Узбекистон талош доранд, ки сокинони норозӣ аз бебарқиву гармиро ором созанд

Сокинони минтақаҳои гуногуни Узбекистон, ки дар фасли сармо бе барқу гази табиӣ мондаанд, ба нишони эътироз дар назди биноҳои маъмуриятҳои маҳаллӣ ҷамъ мешаванд.

Ба гуфтаи сокинони норозии вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона ва Қашқадарё мақомоти маҳаллӣ кӯшиш кардаанд, онҳоро ором созанд ва ҳамчунин ҳушдор додаанд, ки ба таври гуруҳӣ ҷамъ нашаванд.

Дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон мақомоти маҳаллӣ тавонистаанд, мушкилро ҳал кунанд, вале дар бештари минтақаҳои дигар сокинон ҳанӯз ҳам бе барқу гази табиӣ ҳастанд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, мақомоти вилоятҳои Намангону Қашқадарё сокинонро огаҳ кардаанд, ки имсол дар интиқоли газу барқ ҳатман маҳдудият сурат мегирад ва онҳо бояд ангишту чӯб захира кунанд.

Дар ноҳияи Гузар, ки 300 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳудуди 60 нафар дар назди шабакаи барқии ноҳия ҷамъ шуданд. Ин сокинони бебарқу гармӣ мулоқот бо раҳбарияти шабакаи барқиро талаб намуданд.

Як гуруҳи сокинони шаҳри Намангон, ки ба далели набудани барқу гази табиӣ эътироз карда буданд, 23-юми ноябр бо муовини шаҳрдор Ҷобирҷон Абдуллоев мулоқот карданд. Видеое, ки дар Telegram нашр шуд, нишон медиҳад, Абдуллоев ба сокинон тавсия медиҳад, ки ангишту чӯбро захира намоянд. Вале ба суоли сокинон дар бораи норасоии барқу газ посух намедиҳад.

Дар Узбекистон аз 18-уми ноябр, баъди якбора сард шудани ҳаво интиқоли барқу гази табиӣ на танҳо ба сокинони вилоятҳо, балки ба бошандагони шаҳри Тошканд низ маҳдуд гашт.

Боз як ноҳияи дигари Қарабоғи Кӯҳӣ ба Озарбойҷон дода шуд

Қаробоғи Кӯҳӣ

Ноҳияи Калбаҷари Қарабоғи Куҳӣ дар асоси созишномаи сеҷонибаи эъломи қатъи даргириҳо дар минтақаи мазкур аз рӯзи 25-уми ноябр дар ихтиёри Озарбойҷон хоҳад буд.

Арманистон ахиран марҳилаи берун бурдани воҳидҳои худро аз Калбаҷар бо маҳви тамоми зербиноиҳои низомӣ ба поён расонид. Ҳукумати Арманистон 23-юми ноябр рӯйхати беш аз 120 минтақаи аҳолинишинеро дар Қарабоғи Куҳӣ нашр кард, ки ба ихтиёри Озарбойҷон мегузаранд. 16 минтақаи аҳолинишин дар ҳудуди Калбаҷар аст.

Арманистон дар асоси созишномаи сеҷониба қарор буд, Калбаҷарро то 15-уми ноябр ба Озарбойҷон таслим кунад. Вале ҷониби Боку барои ба таъхир гузоштани он то ба 25-уми ноябр розӣ шуд. Зеро сокинони осоишта натавонистанд, то 15-уми ноябр минтақаро тарк кунанд.

Ноҳияи Агдами Қарабоғи Куҳӣ низ 20-уми ноябр ба ихтиёри Озарбойҷон гузашта буд ва қарор аст, то 1-уми декабри соли равон Лачинский низ ба Озарбойҷон дода шавад.

Зери созишномаи сеҷониба раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон имзо гузоштаанд.

Аз "буҷавиҳо"-и Туркманистон барои Рӯзи бетарафӣ пул ҷамъ мекунанд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Лебап (Лабиоб)-и Туркманистон барои чорабинии расмии навбатии худ дубора аз кормандони муассисаҳои буҷавӣ маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.

Чанд тан аз кормандони муассисаҳои давлатии Лебап ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ҷамъоварии маблағ аллакай дар ноҳияҳои Фороб ва Дарганата ҳафтаи гузашта оғоз шудааст. Аз ҳар корманди пулис, маориф, мактаб, боғча, беморхона ва дармонгоҳҳо вобаста ба андозаи маошашон аз 70 то 100 манат ($20-$28) ҷамъ мекунанд.

"Раҳбарони муассисаҳо мегӯянд, ин пулҳо ба лавҳаву шиорҳое харҷ мешаванд, ки ба 25-умин солгарди бетарафии Туркманистон бахшида шудаанд. Ин санаро дар Туркманистон 12=уми декабр ҷашн мегиранд ва лавҳаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо насб хоҳанд шуд", - изҳор дошт як ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Фороб.

Ба гуфтаи мусоҳибон, як қисми пулҳо ба лавҳаҳои даъват ба пешгирии коронавирус, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи ҷисмонӣ ва истифодаи маводи беҳдоштӣ харҷ хоҳад шуд.

Кормандони муассисаҳои буҷавии вилоят таҳдид шудаанд, ки дар сурати напардохтани маблағ ҷои кори худро аз даст хоҳанд дод. Талошҳо барои дарёфти назари мақомоти Лебап дар ин замина бенатиҷа буданд.

Қалби Марадона баъди 60 сол аз тапидан монд. АКС, ВИДЕО

Диего Марадона

Диего Марадона, футболбози машҳури ҷаҳон, дар 60-солагӣ даргузашт. Вакили ӯ гуфт, Марадона рӯзи 25-уми ноябр бар асари сактаи қалбӣ ҷони худро аз даст дод. Вай чанд ҳафта пеш амалиёти ҷарроҳиро паси сар карда буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ситораи футбол Диего Марадона вафот кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Марадона аз бозигарони дастаи мунтахаби Аргентина буд, ки соли 1986 дар бозии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол пирӯз шуд. Ӯ, инчунин, дар ҳайати тими "Барселона", "Наполи" ва "Севиля" бозӣ кардааст.

Бар пояи овоздиҳӣ дар сомонаи Федератсияи Байнулмилалии Футбол, беҳтарин футболбози асри бист эътироф шудааст. Аз соли 2008 то 2010 мураббии тими мунтахаби Аргентина буд ва бо он ба чаҳорякфиналии бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон расид.

Аксҳои Диего Марадона дар ҳолатҳои гуногун аз бойгонӣ:

Шумори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт

Акс аз бойгонӣ

Шумори гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр ба 12 ҳазору 8 кас расид. Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар шабонарӯзи охир бемории 37 нафарро тасдиқ карданд. Ба иттилои расмӣ, дар ҳафт моҳи гузашта 86 кас аз бемории ҳамагир ҷон бохта, 11395 нафар шифо ёфтаанд. Вазорат аз ин бештар ҷузъиёт намедиҳад. Мунтақидон ба омори расмӣ бо шубҳа менигаранд. Ба бовари онҳо, омори воқеӣ бамаротиб бештар аст. Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми ноябр рӯйхати 225 нафарро нашр кард, ки бино бар тасдиқи пайвандон, пизишкон ва навиштаи расонаҳо аз коронавируси нав ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Рӯйхатро дар инҷо бинед ва барои пурра шудани он ёрӣ кунед

Дар соҳили Зеландияи Нав ҷасади 100 наҳангу делфин пайдо шуд

Як соҳили Ҷазираи Ҷанубӣ, Зеландияи Нав, 10-уми феврали соли 2017. Анбӯҳи наҳангҳоро мавҷи об ба соҳил задааст. Ихтиёриён талош доранд ҷони онҳоро наҷот дода дубора ба об баргардонанд

Мақомот дар Зеландияи Нав гуфтанд, ки анбӯҳи ҷасадҳои наҳангу делфинҳо дар соҳилҳои ҷазираи Чатемро ошкор кардаанд. Раёсати ҳифзи ҷонварон рӯзи 25-уми ноябр гуфт, ки наҳангу делфинҳо дар соҳилҳои ҷазира дар натиҷаи ба ҳам бисёр наздик шино ва ба ҳам бархӯрд карданашон ҷон додаанд. Азбаски макони ҷойгиршавии ҷазираи Чатем дар 800-километрии Ҷазираи Ҷанубӣ аст, гурӯҳҳои ёрирасон натавонистанд сари вақт ба ёрии ҷонварон бирасанд. Маълум нест, ки сабаби дар як анбӯҳ ё издиҳоме ба ҳам омадани ҷонварон чӣ будааст, вале зоҳиран онҳоро мавҷи об ба соҳил партофтааст. Донишмандон мегӯянд, ки сабабҳои рӯй додани издиҳом дар об дар миёни ҷонварон то охир омӯхта нашудааст.

Марҳилаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии Қирғизистон ба охир расид

Бинои Комиисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон.

Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) Қирғизистон марҳилаи пешбарии номзадҳоро ба мақоми президентии он кишвар ба анҷом расонид ва рӯйхати 47 даъвогари курсии президентиро нашр кард.

То рӯзи 14 ноябр КМИР аризаи 65 шаҳрвандро дарёфт кард, ки 64 тани онҳо даъвогарони худпешбар буданд.

Ба иттилои КМИР, 30 тан аз даъвогарон кормандони созмонҳои ғайритиҷорӣ ҳастанд. 24 тан аз даъвогарон муваққатан бекоранд, 5 тан корманди давлатӣ, 3 тан вакили порлумон ва 3 тани дигар нафақахӯранд. Бештари даъвогарони курсии президентӣ аз 35 то 45 сол доранд.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки 9 тан аз онҳо санади донистани забони давлатиро пешкаш накардаанд ва 3 тани дигар доғи судӣ доштаанд. Рӯзи 19 ноябр КМИР ҳуҷҷатҳои ин 12 даъвогари курсии президентиро баргардонид.

КМИР ҳамчунин хабар дод, то рӯзи 24 ноябр 6 тани дигар аз даъвогарон изҳор доштаанд, ки аз ширкат дар интихобот худдорӣ меварзанд. То субҳи 24 ноябр ҳамагӣ 47 даъвогар боқӣ мондааст.

Дариға Назарбоева аз ҳизби падараш ба мақоми вакилии порлумон номзад шуд

Дариға Назарбоева.

Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба мақоми вакилии порлумон аз ҳизби "Нур Отан" номзад шуд. Ин ҳизбро падари вай роҳбарӣ мекунад.

Рӯйхати 126 номзад ба мақоми вакилӣ аз сӯи ҳизби "Нур Отан" рӯзи 25 ноябр дар анҷумани онлайнии ҳизби мазкур тасдиқ шуд.

Дариға Назарбоева дар рӯйхат дар мақоми 49 қарор дорад. Раиси кунунии порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ва сарвазири кунунии он кишвар Аскар Мамин низ дар рӯйхати номзадҳои ҳизби "Нур Отан" шомил шудаанд.

Дариға Назарбоева узви шӯрои сиёсии "Нур Отан" аст.

Баъди рафтан аз мақоми раиси сенати порлумони Қазоқистон дар моҳи майи соли ҷорӣ Дариға Назарбоева ба нудрат дар мазҳари ом пайдо мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG