Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавориди сирояти E.coli рӯ ба коҳиш овардааст


Бодиринг дар Аврупо бе харидор монд
Бодиринг дар Аврупо бе харидор монд
Вазири беҳдошти Олмон гуфт, далоиле пеш омада, ки ба паси сар шудани авҷи шуйюъи бактерияи кушандаи E.coli умедвор мекунад. Даниэл Бар ба телевизиони Олмон гуфт, ҳамарӯза мавридҳои нави гирифторӣ ба ин маризии сироятии дарунрав сабт мешаванд, вале шумораш рӯ ба коҳиш овардааст.
То имрӯз бар асари сирояти E.coli, ки нахустин мавридаш рӯзи 2 май кашф шуд, дастикам 24 нафар, аз ҷумла 23 нафар дар Олмон, ҷон бохтаанд. Мақомоти Олмон аммо то ҳол манбаъи ин бактерияро наёфтаанд. Ибтидо ангушти гумонҳо болои бодиринги испанӣ рафт, ки боиси коҳиши башиддати фурӯши сабзавот дар бозорҳои Аврупо шуд.
XS
SM
MD
LG