Русия мегӯяд, ки санади иддаои Гурҷистонро хоҳад омӯхт. Дар ин санад гуфта мешавад, ки Русия масъулияти сармоягузории ҳамлаҳои террористӣ дар Гурҷистон ва ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Қафқозро бар ӯҳда дорад. Григорий Карасин-муовини вазири корҳои хориҷии Русия ба хабаргузории Интерфакси кишвараш гуфтааст, ки Русия ин санадро амиқан хоҳад омӯхт. Ба гуфтаи Карасин, Гига Бокерия-дабири Шӯрои амнияти милии Гурҷистон ин санадро дар дар Женева ба вай супурдааст. Ҳайатҳои ҳар ду кишвар дар Женева 16-ӯмин даври музокироти худро бо миёнҷигарии намояндагони байналмиллалӣ идома медиҳанд. Гурҷистон ва Русия моҳи августи соли 2008 ба таври мухтасар вориди ҷанг шуда буданд.