Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Обама хуруҷи бахше аз нируҳои Амрикоро эълон мекунад

Кохи Сафед мегӯяд, интизор меравад, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар ояндаи наздик дар бораи шумораи нируҳои Аамрико, ки аз Афғонистон хориҷ мешаванд, тасмим бигирад. Хуруҷи ин нируҳо аз моҳи июл оғоз хоҳад шуд. Ҷей Карней-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, бо назардошти воқеияти вазъ дар Афғонистон Обама мехоҳад хуруҷи шумораи қобили мулоҳизаи нируҳои Амрико аз Афғонистонро эълон кунад. Ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 100 000 нируи Амрико мустақар аст. То соли 2014 бояд таъмини амнияти Афғонистон ба дасти нируҳои ин кишвар бигзарад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Маросими дафни донишмани эронӣ бо таҳдид ба интиқом баргузор шуд

29-уми ноябр, ҷанозаи Мӯҳсин Фахризода дар як масҷиди Машҳад

Дар Эрон маросими дафни донишманди улуми ҳастаӣ Мӯҳсин Фахризода баргузор шуд, ки дар куштори ӯ Теҳрон Исроилро гунаҳгор кардааст. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 30-юми ноябр маросими хоксупории Фахризодаро намоиш дод ва қабл аз он дар наворҳо дида шуд, ки ҷанозаи донишманд дар маросими хосе дар назди вазорати дифои кишвар ва дар иҳотаи низомиён гузошта шуда буд. Дар ин маросим мақомоти эронӣ, аз ҷумла вазири дифоъ Амир Ҳотамӣ иштирок карданд ва ҳар як мақом бо ниқоби тиббӣ дар рӯй ва бо риояи фосилаи иҷтимоӣ дида шуданд.

Фахризода рӯзи 27-уми ноябр дар як ҳамлаи монанд ба низомӣ дар канораҳои Теҳрон ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Эрон ҳамон замон Исроилро дар рух додани ин ҳодиса гунаҳгор кард, Исроил то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст. Бо вуҷуди даъват ба интиқом, як сухангӯи ҳукумати Эрон гуфт, ки имкони аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани ин қазия вуҷуд дорад. Сухангӯи ҳукумат Алӣ Рабеӣ рӯзи 29 ноябр гуфт, “мо ба ҳеҷ сурат набояд ба ин дом биафтем (манзур амалиёти низомӣ ваё дасткашӣ аз дипломатия). Аз ин пеш президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид кард, ки кишвар ҳатман дар фурсати зарурӣ посух хоҳад дод ва ба ҳеҷ сурат ба ин “дом” намеафтад.

Дар Қазоқистон 826 ҳолати нави мубталоӣ ба COVID-19 сабт шуд

Алмато, Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 12 ҳазору 651 бемор аз вабои коронавирус муолиҷа мешаванд. Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар, миёни ин теъдод гирифторон 895 кӯдак низ ҳаст.

Бештаре аз гирифторон дар манзилҳои худ табобат мегиранд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, 214 тан аз гирифторон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар як шабонарӯзи гузашта 826 гирифтори нав ба вабои коронавирус дар Қазоқистон сабт шудааст.

Дар як рӯзи гузашта ҳамчунин 10 тан аз гирифторони коронавирус дар Қазоқистон фавтидааст.

Ба иттилои расмӣ, то рӯзи 29 ноябр дар Қазоқистон дар маҷмуъ 130 ҳазору 865 кас гирифтори коронавирус шудааст.

Пизишки шахсии Марадонаро ба додгоҳ мекашанд

Маросими сӯгвории Марадона дар Аргентина.

Дар Аргентина додситонӣ пизишки шахсии футболбоз Диего Марадонаро дар қатл аз сари беэҳтиётӣ гумонбар мекунад.

Дар шаҳри Буэнос-Айрес коргоҳ ва манзили Леополдо Луке, пизишки шахсии Марадонаро бозҷӯӣ карданд.

Ин тафтишот баъди он шуруъ шуд, ки духтари Марадона аз рафторҳои Луке изҳори шубҳа кард. Пулис айни замон ҳолати марги Марадонаро таҳқиқ мекунад.

Марадона рӯзи чаҳоршанбеи 25 ноябр дар синни 60 вафот кард. Ибтидои моҳи ноябр вай ҷарроҳӣ шуд ва дар хонааш табобат гирифт. Тафтишот дар пайи таҳқиқи он аст, ки оё Марадона дар рӯзҳои ахири ҳаёташ ба кӯмаки зарурии тиббӣ дастрасӣ дошт ё на ва оё Луке барои дидани Марадона меомад ё на. Пизишк мегӯяд, ҳамаи ёрии зарурии тиббиро ба Марадона расонидааст.

Дар Туркманистон барои сарфаи коғаз чандин нашрияву маҷалларо муттаҳид месозанд

Расонаҳои давлатии Туркманистон.

Дар Туркманистон чандин нашрия ва маҷалларо ба хотири сарфаи пули буҷа ва коғаз муттаҳид бисозанд.

Барои намунаи электронии нашрияҳо обунаи ягона пешниҳод ва шакли коғазии онҳо танҳо ба нафақахӯрон фиристода мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Медиа-Туркман" иттилоъ додааст.

Қарор аст, нашрияҳои "Ватан", "Эҳё", ду маҷалла бо ин ном, "Нашрияи омӯзгор" ва "Забони туркманӣ" муттаҳид карда шаванд. Ин иқдом ба ҳукумати Туркманистон имкон медиҳад, ки 123,7 тонна коғаз сарфа кунад.

Нашрияҳо аз соли 2021 муттаҳид гардонида шуда, шакли электронии онҳо тавассути низоми ягонаи обунаи ҳатмӣ фиристода мешавад. Пули обуна барои як нафар 60 манат - ҳудуди 17 доллар бо қурби расмӣ хоҳад буд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфта буд, ки табдили нашрияҳо ба шакли рақамӣ онҳоро замонавитар хоҳад кард.

Беш аз 300 эътирозгарро дар Беларус боздошт кардаанд

Минск, пойтахти Беларус, рӯзи 29-уми ноябр

Рӯзи 29-уми ноябр пулиси Беларус зиёда аз 300 ширкаткунандаи намоиш ва раҳпаймоиҳои зидди ҳукумати Александр Лукашенкоро боздошт кардааст. Аксари боздоштҳо дар Минск ба амал омада, ҳамчунин шуморе аз норозиён дар Брест, Ҳродно ва шаҳрҳои дигар дастгир гаштаанд. Теъдоди умумии тазоҳуркунандагон эълон нашудааст.

Наздики чор моҳ боз ҳазорон сокини Беларус бо даъвати барканории Александр Лукашенко, президенти ин кишвар, эътироз мекунанд.

Эътироз пас аз 9-уми августи соли равон оғоз шуд, ки мақомот Александр Лукашенкоро ғолиби интихоботи президентӣ унвон карданд.

Эътирозгарон мегӯянд, интихобот шаффоф набуд ва барандаи интихобот Светлана Тихановская ст, на Лукашенко. Онҳо истеъфои Лекашенкоро талаб мекунанд, ки аз соли 1994 то ҳол қудратро дар Беларус дар даст дорад.

Расонаҳои давлатии Беларус хабар доданд, ки Александр Лукашенко гуфтааст, пас аз қабули сарқонуни нав аз мақомаш канор меравад.

Даҳҳо корманди амниятӣ дар Афғонистон дар як ҳамлаи маргталабона кушта шудаанд

Кормандони амниятӣ дар вилояти Ғазнӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Ғазнӣ 30 корманди амниятӣ ҳалок шудааст.

Ҳамларо нафаре анҷом додааст, ки савори мошини пур аз маводи тарканда будааст.

Дар ҳамлаи дигаре, ки рӯзи 29-уми ноябр дар назди қисми низомӣ дар ин вилоят рӯх додааст, 24 нафар захмӣ гаштааст.

Ҳанӯз масъулияти ҳамларо ҳеҷ гуруҳе бар душ нагирифтааст.

Вилояти Ғазнии Афғонистон, яке аз минтақаҳои ноамнӣ ин кишвар аст. Дар ин ҷо миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон задухӯрди шадид давом дорад. Тақрибан аз 19 ноҳияи ин вилоят 10 ноҳияи он зери назорати Толибон мебошад.

Дар Афғонистон, ки бештар аз сӣ сол боз ҷанг давом дорад, талошҳои сулҳ ҳанӯз натиҷа надодааст.

Соле боз бо миёнаравии Амрико гуруҳи Толибон бо ҳукумати Афғонистон музокира мекунанд, вале ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд.

Узбекистон шаҳрвандонашро аз Сурия бармегардонад

Зану кӯдаке дар паноҳгоҳе дар Сурия

Мақомоти Узбекистон гуфтаанд, ки нақша доранд, гуруҳи дигаре аз шаҳрвандони кишварро аз паноҳгоҳҳои Сурия ба ватан баргардонанд.

Дар паноҳгоҳҳои Сурия бештар аз ҳазорон зану кӯдаки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари онҳо пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 ба паноҳгоҳҳо интиқол ёфтаанд.

Як мақомдори узбек бе зикри номаш ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки намояндаҳои Узбекистон ба он қисмати Сурия, ки зери назари курдҳо қарор дорад, сафар кардаанд ва барои баргардонидани наздики 100 зану кӯдак суҳбат кардаанд.

Ин мақомдор гуфтааст, ки занону кӯдакони узбек дар шароити бад нигаҳдорӣ мешаванд ва ба хадамоти дурусти тиббӣ, оби нӯшиданӣ ва ғизои кофӣ дастрасӣ надоранд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар паноҳгоҳи Ал-Ҳоли Сурия 65 ҳазор зану кӯдак нигаҳдорӣ мешавад, ки 10 ҳазор нафарашон хориҷиён ҳастанд.

Узбекистон эълон кардааст, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия 220 зану кӯдаки узбек сабт шудааст.

Дар паноҳгоҳҳои Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик низ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълон кардаанд, ки нақшаи баргардонидани занону кӯдаконро доранд, вале то ҳол ин нақша амалӣ нашудааст.

Дар Русия 1,1 миллион нафарро барои нақзи қоидаҳои марбут ба коронавирус ҷарима кардаанд

Дар Русия ваксинаи зидди коронавирусро озмоиш мекунанд

Беш аз як миллион нафарро дар Русия барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар замони пандемияи коронавирус ҷарима кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки 1, 1 миллион нафаре, ки ҷарима шудаанд, қоидаҳои муқарраршудаи беҳдоштиро риоя накардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, 976 ҳазор нафар барои риоя накардани карантин ҷарима шудаанд.

Барои риоя накардани низоми ҳолати фавқулода дар Русия 1000 рубл, наздики 13 доллари амрикоӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар Русия 2,2 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфтааст ва 39 ҳазор нафар аз сироят ба ин вирус фавтидаанд.

Раҳбари олии Эрон Исроил ва Амрикоро дар қатли донишманди ҳастаӣ айбдор кард

Акс аз маҳали куштори донишманди ҳастаӣ дар Эрон

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, ки барои қатли донишманди ҳастаӣ интиқом мегиранд.

Муҳсин Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон, рӯзи 27-уми ноябр дар ҳамлае дар наздикии Теҳрон кушта шуд.

Ин ҳодиса нигарониҳо дар бораи танишҳои нав миёни Эрон ва Исроилу Амрикоро ба миён овардааст.

Раҳбарии олии Эрон рӯзи 28-уми ноябр дар вебсайти худ ба “пайгирии ин ҷиноят ва ҳатман муҷозот кардани ҷинояткорон” даъват кард.

Ӯ гуфт, ки кори Муҳсин Фахризода идома хоҳад ёфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон низ мақомоти Исроилро муттаҳам кард, ки бо қатли донишманди ҳастаӣ, Муҳсин Фахризода, барои Амрико "муздурӣ" кардаанд.

“Н12”, хабаргузории исроилӣ аз қавли як мақомдори исроилӣ навиштааст, ки намедонанд, ин кушторро кӣ анҷом додааст.

Мақомоти амрикоӣ аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардаанд.

Вакилони тоҷик хоҳони ҷазо барои талоқи телефонӣ ҳастанд, вале тарҳ ниҳоӣ нашудааст

Акс аз бойгонӣ

Як гурӯҳ аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳеро омода кардаанд, ки бино бар он барои талоқ тавассути телефон ё паёмак (СМС) аз 3 то 5 соли зиндон пешниҳод шудааст.

Ин тарҳ ҳанӯз дар ҷаласаи порлумон баррасӣ нашудааст ва маълум нест, то куҷо пазируфта ва ё рад хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон талоқ тавассути СМС расман манъ нест, вале рӯҳониён борҳо аз сокинон хостаанд, ин корро накунанд.

Як мусоҳиби мо дар порлумони Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр гуфт, тарҳро баъди он омода карданд, ки мизони ҷудошавӣ, аз ҷумла талоқ тавассути паёмак, афзудааст. Ба иттилои Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси Намояндагон, соли гузашта дар кишвар 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт шудааст. Ин рақам ду сол пеш ба 10 ҳазор маврид баробар буд.

"Барои ташкили оила харҷи зиёд мекунанд, вале як ҷавон аз саросемагӣ ё асабоният бо СМС талоқ медиҳад ва хонавода аз ҳам мепошад. Таъини ҷазо барои нест, ки ҳатман аз озодӣ маҳрум карда шаванд, балки ҷавононро масъул созад, то дар ҳифзи оила ҷиддан муносибат кунанд ва барои пеш омадани андаке мушкил ҷудо нашаванд", -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар порлумон.

Мухолифон мегӯянд, тарҳи қонун роҳро барои суистифода боз мекунад. Вале ҳамсуҳбати мо дар порлумон гуфт, "қонун танҳо онҳоеро ҳадаф қарор медиҳад, ки бе далелу бе шоҳид тавассути телефон ё СМС талоқ додаанд. Онҳое, ки имкони дигар бо ҳам буданро надоранд, метавонанд, тавассути додгоҳ ҷудо шаванд. Касе онро манъ накардааст."

Ҷонибдорони ин иқдом манъи талоқи телефониро барои ҳимоят аз занон зарур мешуморанд. Бегим аз ҷумлаи занонест, ки шавҳараш ӯро тариқи телефон талоқ додааст. Вай гуфт, “воқеан дар зиндагӣ зарбаи сахте буд. Зеро интизор надоштам, марде, ки ҳафт сол ҳаёташро бо ман гузаронд, рӯзе тариқи фиристодани паём ҷудо мешавад.”

Ҳанӯз 9 сол пеш Кумитаи дини Тоҷикистон гуфта буд, Шӯрои уламо дар мавриди "талоқҳои телефонӣ" фатво содир хоҳад кард. Ҳарчанд чунин фатво нест, Шӯрои уламо чанд дафъа аз сокинон хостааст, ин корро накунанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, моҳи июли соли гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ҳангоме шахс зани худро аз наздик мебинад, шояд қарораш дигар мешавад. Зеро эҳсоси самимият ба вуҷуд меояд. Мо дархост намудем, ки ҳангоми дар хориҷ будани яке аз ҳамсарон, оилаҳо аз ҳам ҷудо нашаванд."

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба иттилои Маркази исломии Тоҷикистон навишт, ҳар сол тақрибан 100 ҷуфт ба рӯҳониён муроҷиат мекунанд, то ба ҳолатҳои ҷудошавии онҳо тариқи смс ё паёмак расидагӣ кунанд. Дар бахши пурсишу посухи сомонаи Шӯрои уламо низ даҳҳо нафар дар бораи ҷудошавӣ тавассути телефон ва имкони дубора ба ҳам омадани ҳамсарон машварат пурсидаанд. Аксари онҳо мегӯянд, ки муҳоҷиранд ва дар Русия ҳастанд.

Талоқ дар ислом бо се бор иброз намудани ин калима дар ҳар шакли имконпазир – шифоҳӣ, имейл ва ё смс қобили қабул аст. Дар Тоҷикистон се талоқи исломӣ қувваи қонунӣ надорад ва муносибатҳои оилавиро идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият медарорад ва ҷудошавии оилаҳо дар додгоҳ сурат мегирад. Аммо аксари аҳолии кишвар худро пайрави ислом медонанд ва ҳукми талоқ дар ҷомеа побарҷост.

Дар гузашта баъзе аз кишварҳо барои се талоқи исломӣ ҷазо таъин карда буданд. Соли гузашта порлумони Ҳиндустон ба тарафдорӣ аз манъи се талоқи исломӣ овоз дод ва онро ба ҷиноят баробар кард ва дар ин кишвар шахси сеталоқдодаро се соли зиндон таҳдид мекунад.

Лукашенко гуфт, пас аз қабули Конститутсияи нав аз қудрат меравад

Александр Лукашенко ҳангоми боздид аз бемористоне дар Минск. 27-уми ноябри 2020

Александр Лукашенко, ки 26 сол ба Белорус ҳукумат карда, моҳҳои ахир бо эътирозҳо рӯ ба рӯст, гуфт, ки пас аз қабули Қонуни асосии нав аз қудрат хоҳад рафт.

Ба навиштаи “Белта”, Лукашенко рӯзи 27-уми ноябр ҳангоми боздид аз як бемористон дар Минск гуфтааст, “тибқи Қонуни асосии нав дигари раиси ҷумҳур нахоҳам буд.” Аммо ӯ таърихи дақиқи тасвиби Конститутсия ва канорагириашро аз қудрат мушаххас нагуфтааст.

Лукашенко дар гузашта низ чанд бор эҳтимоли тағйири Қонуни асосии Белорусро матраҳ карда буд, вале мухолифон бовар доранд, ки ҳадафи ӯ “ба даст овардани вақт ва боқӣ мондан дар қудрат ҳамзамон бо саркӯби эътирозҳо аст”.

Мақомоти Белорус мехоҳанд, дар охири моҳи декабри имсол ё моҳи январи 2021 ислоҳҳоро ба Конститусия баррасӣ кунанд.

Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август, Белорус шоҳиди эътирозҳои густарда шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, Лукашенко 80 дарсади раъйи мардумро ба даст овард. Норозиён мегӯянд, дар интихобот тақаллуби густарда сурат гирифтааст. Ба бовари онҳо, дар ин интихобот номзади мухолифон, Светлана Тихановская, баранда шуд.

Дар давоми эътирозҳо Александр Лукашенко борҳо гуфтааст, ки қасди рафтан аз қудратро надорад. Ду ҳафта пеш низ гуфт, қудратро ба ҳеч шахс ё гурӯҳе вогузор нахоҳад кард.

Иттиҳоди Аврупо ва Амрико натиҷаҳои интихоботи президентии Белорус ва пирӯзии Александр Лукашенкоро эътироф накардаанд.

"Равшан" ба рӯйхати бошгоҳҳои машҳури футболи Осиёи Марказӣ ворид шудааст

Бозигарони дастаи "Равшан"

Сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё (the-afc.com) рӯйхати даҳ бошгоҳи маъруфтарини Осиёи Марказиро нашр кард, ки ба он “Равшан”-и Кӯлоб, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Истаравшан”-и Истаравшан шомил шудаанд. Дар рӯйхат аз чаҳор бошгоҳи футболи Узбекистон, ду бошгоҳи футболи Қирғизистон ва як бошгоҳ аз Туркманистон низ ёдоварӣ шудааст.

“РАВШАН” (Кӯлоб)

Бошгоҳи футболи “Равшан”, ки дар миёнаи солҳои 60-ум таъсис ёфтааст, дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст ва дар ин минтақа ҳазорҳо мухлисони вафодору дилсӯз дорад.

“Равшан” яке аз аввалин бошгоҳҳои футболи Осиёи Марказист, ки соли 1994 бори аввал дар мусобиқаи қитъавӣ, дар Ҷоми барандагони ҷомҳои Осиё ширкат кардааст. “Равшан”, ки солҳои 2012 ва 2013 унвони қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст овард, дар мавсими соли 2020 барандаи Ҷоми миллӣ гардид, инчунин ба Лигаи олии футболи кишвар баргашт.

Тими "Истиқлол"
Тими "Истиқлол"

“ИСТИҚЛОЛ” (Душанбе)

Бошгоҳи муосири футболи Тоҷикистон – “Истиқлол” аз замони таъсисёбиаш – моҳи ноябри соли 2007 нӯҳ бор, аз ҷумла ҳафт соли ахир пайиҳам, дар Лигаи олии кишвар ғолиб шудааст. Барандаи Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2012 мебошад,

“Истиқлол” солҳои 2015 ва 2017 мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми AFC буд, аммо дар ҳузури 20 000 тамошогар дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳарду бозии ниҳоӣ бо ҳисоби якхелаи 0-1 шикаст хӯрд.

Бозигарони дастаи "Истаравшан"
Бозигарони дастаи "Истаравшан"

“ИСТАРАВШАН” (Истаравшан)

Бошгоҳи футболи “Истаравшан”, ки дар шимоли кишвар, дар байни марзҳои Узбекистону Қирғизистон ҷойгир аст, аз соли 1938 фаъолият карда, дар мусобиқоти солҳои 80-уми қарни гузаштаи Тоҷикистони Шӯравӣ борҳо муваффақ гаштааст.

Бо вуҷуди онки дар замони истиқлоли Тоҷикистон бошгоҳи маҳаллӣ таърихи мураккабро аз сар гузаронида, ба иллати муфлисшавӣ аз мусобиқот хориҷ шуд, ҳоло “Истаравшан” бо дастгирии ҳаводорони худ боз мавқеашро дар Лигаи олӣ нигаҳ дошт.

Рӯйхати пурраи маъруфтарин бошгоҳҳои футбол дар Осиёи Марказӣ, ки онро Конфедератсияи футболи Осиё (АFC) дар сомонаи расмии худ нашр кардааст:

  • Бошгоҳи футболи “Пахтакор” (Узбекистон)
  • Бошгоҳи футболи “Бунёдкор” (Узбекистон)
  • Бошгоҳи футболи “Насаф” (Узбекистон)
  • Бошгоҳи футболи “Навбаҳор” (Узбекистон)
  • Бошгоҳи футболи “Дордой” (Қирғизистон)
  • Бошгоҳи футболи “Олой” (Қирғизистон)
  • Бошгоҳи футболи “Равшан” (Тоҷикистон)
  • Бошгоҳи футболи “Истиқлол” (Тоҷикистон)
  • Бошгоҳи футболи “Истаравшан” (Тоҷикистон)
  • Бошгоҳи футболи “Олтин Асир” (Туркманистон)

Гев, писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав даргузашт

Гев Лоҳутӣ. Акс аз бойгонӣ

Гев Лоҳутӣ – хабарнигору адабиётшинос ва писари шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ – дар 83-солагӣ даргузашт. Писараш Феликс Лоҳутӣ дар Инстаграм ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ навишт, ки ӯ рӯзи 27-уми ноябр дар Маскав аз олам чашм пӯшид.

Абулқосим Лоҳутӣ (1887-1957) баъди фирор аз Эрон тайи даҳ сол дар Тоҷикистон дар мақомҳои баланди давлативу ҳизбӣ кор карда, чанд муддат хабарнигори рӯзномаи "Правда" дар Душанбе ҳам буд. Аз соли 1934, баъди котиби Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудан, дар Маскав зистааст.

Чаҳор фарзанди ӯ – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло дар ҳамин шаҳр чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Гев фарзанди дувуми шоир буд, ки солҳои охир ба навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш машғул буд, аммо маълум нест онро ба поён расондааст ё на.

Абулқосим Лоҳутӣ дар оромгоҳи Новодевичие дар Маскав макони охират пайдо кардааст. Чанд сол пеш сару садоҳое дар бораи имкони ба Тоҷикистон бурдани турбати ӯ баланд шуд, аммо бо кадом далеле ин кор сурат нагирифт.

Ҷабборов пешниҳоди лағви мақоми расмии забони русиро дар Қирғизистон нодуруст номид

Содир Ҷабборов

Сарвазири собиқ ва яке аз довталабони асосии курсии президентӣ дар Қирғизистон, Содир Ҷабборов, пешниҳодҳоро дар бораи бекор кардани мақоми расмии забони русӣ дар ин кишвар "комилан нодуруст" номид.

Ӯ дар саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, "забони русӣ дар кишвари мо бояд ҳамчун забони расмӣ бимонад".

"Яке аз аъзои Маҷлиси конститутсионӣ пешниҳод кард, ки мақоми расмии забони русӣ бекор шавад. Ин пешниҳод комилан нодуруст аст. Забони русӣ яке аз шаш забоне аст, ки дар минбари Созмони Милали Муттаҳид истифода мешавад. Ба ҷуз ин, забоне ҳаст, ки мардумро муттаҳид месозад ва онро тӯли садсолаҳо истифода мебарем. Ҳамкорӣ ва робита бо кишварҳои АвруОсиё бидуни забони русӣ номумкин аст", -- афзудааст Ҷабборов.

Узви Маҷлиси конститутсионии Қирғизистон Садирдин Торалиев дар ҷаласаи рӯзи 26-уми ноябр пешниҳод карда буд, он банди Конститутсияро, ки ба забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ медиҳад, бекор кунанд.

"Ман мефаҳмам, ки шаҳрвандон ҳар қадаре забон бештар донанд, ҳамон қадар хуб аст ва мо низ ба воситаи забони русӣ ба бисёр чизҳо ноил шудем. Вале бояд қонуни алоҳидаеро қабул карда, забонҳои хориҷиро рушд диҳем. Дар Конститутсия танҳо мақоми забони қирғизӣ дарҷ ёбад", -- изҳор дошт Торалиев.

Тибқи Конститутсияи ҳозираи Қирғизистон, забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ дорад. Иттиҳоди нерӯҳои сиёсии Қирғизистон, ки соли 2019 ислоҳоти конститутсиониро хостор шуда буд, пешниҳод кард, то мақоми расмии забони русӣ бекор шавад. Вале иҷрокунандаи пешини вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи октябри соли равон дар мулоқот бо сафири Русия гуфт, ин масъала баррасӣ нахоҳад шуд.

Иштирокдорони табаддулоти нокоми давлатиро дар Туркия ба ҳабси абад маҳкум карданд

Майдони Тақсим, Истанбул, моҳи июли 2016

Додгоҳе дар Туркия рӯзи панҷшанбе ҳукми навбатиро дар мавриди табаддулоти нокоми соли 2016 эълом кард. Додгоҳ ҳукми бештар аз 400 ширкатдори эҳтимолии табаддулотро содир кард.

Аз ин шумор даҳҳо тан ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Ин афрод асосан фармондеҳони низомӣ ва сарнишинҳое буданд, ки шаби 15-уми июли соли 2016 ба иншооти ҳукуматӣ ҳамла карданд.

Ба навиштаи расонаҳо, миёни касоне, ки ҳукми якумрӣ гирифтанд, Вейсел Кавак, сарҳанги пешин ҳам ҳаст, ки котиби фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Туркия буд. Ӯ ва Алӣ Қарабултаву Ҳусейн Тюрка - ду тан аз низомиёни дигари нерӯҳои ҳавоиро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд.

Дар маҷмуъ, дар натиҷаи табаддулоти нокоми соли 2016 дар Туркия наздики 250 одам кушта шуд. Талоши гуруҳе аз низомиён барои барканор кардани раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба нокомӣ анҷомид.

Мақомоти Туркия Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турки муқими Амрикоро дар табаддулот айбдор карданд. Дар маҷмуъ бо айби ҳамкорӣ бо Гюлен ва ё иштирок дар табаддулоти ноком бештар аз 100 ҳазор одам дар Туркия ҳабс шудааст. Додгоҳ то ин дам бештар аз 2500 касро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Парвозҳо миёни Душанбе ва Хуҷанд барқарор шуд

Фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Ширкати "Сомон-эйр" эълон кард, ки миёни Душанбе ва Хуҷанд дубора парвозҳоро ба роҳ мондааст.

Ин ширкат дар як изҳорот гуфт, ки сар аз рӯзи 29-уми ноябр, ҳафтае ду маротиба миёни Хуҷанд ва Душанбе парвоз анҷом хоҳад дод. Нархи чипта 413 сомонӣ муқаррар шудааст.

Парвозҳо миёни Душанбе ва Хуҷанд моҳҳо боз ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қатъ шуда буд.

Ширкат гуфтааст, ки мусофирон дар толори фурудгоҳ ва ҳангоми парвоз бояд ниқоб ва дастпуши муҳофизатӣ дошта бошанд.

“Мусофироне, ки таби баланд доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд”,-гуфтааст, ширкат.

Хуҷанд, яке аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ва маркази маъмурии вилояти Суғд аст. Ҳарактаи нақлиёт дар фасли сармо миёни пойтахт ва навоҳии вилояти Суғд мушкил мешавад, аз ин рӯ, аксаран барои сафар аз ҳавопаймо истифода мекунанд.

Бар асари барфборӣ ва фаромадани тарма дар фасли сармо роҳи нақлиётӣ миёни Душанбе ва Хуҷанд ҳамасола барои чанд рӯз баста мешавад.

Трамп гуфт, дар сурати шикаст омода аст, Кохи сафедро тарк кунад

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи панҷшанбе гуфт, ки баъди расман пирӯз эълом шудани Ҷо Байден дар интихоботи президентии моҳи ҷорӣ, омода аст, Кохи сафедро тарк кунад.

"Албатта, ман ин корро мекунам ва шумо ҳам инро хуб медонед. Эътирофи шикаст вазнин хоҳад буд, зеро мо медонем, ки тақаллуб сурат гирифтааст", - посух дод Трамп ба суоли хабарнигор. Айбҳо дар бораи тақаллуби интихобот ва вайрон кардани раванди раъйдиҳӣ, ки аз забони Трамп такрор мешавад, аз сӯи додгоҳҳо тасдиқ нашуданд. Додгоҳҳо даҳҳо шикояти ситоди интихоботии Трампро рад карданд.

Масълаи тарк кардани Кохи сафед аз сӯи Трамп ба маҳзи ба поён расидани муҳлати призедентиаш дар расонаҳои ИМА зиёд матраҳ мешавад. Трамп боре ҳам нагуфтааст, ки дар Кохи сафед хоҳад монд. Аммо вай айни замон омодаи эътирофи шикасташ нест. Вай мегӯяд, то замони эъломи натиҷаҳои ниҳоии интихобот "тағйироти чашмрасе метавонад, сурат гирад". Қарор аст, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи ИМА рӯзи 14 декабр эълом шаванд. То ин замон раъйи бештар насиби Ҷо Байден, номзади демократҳо шудааст.

Суваналиев: Матраимов дар Қирғизистон мафия ташкил кардааст

Райимбек Матраимов

Котиби пешини Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон Омурбек Суваналиев 26 ноябр дар барномаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба суолҳо дар бораи таъсири собиқ мансабдори баландпояи гумрук Райимбек Матраимов ба ҳукуматдорони собиқ ва кунунии ин кишвар посух дод.

Вай гуфт, боздошти муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро бо собиқ президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков баррасӣ карда буд.

"Вақте Содир Ҷабборов сари қудрат омад, гуфт, ки Матраимовро ҷазо хоҳад дод, вале гуфт, ки ин кор мушкил аст. Матраимов 90 дарсади мансабдоронро харидааст. Дар миёни ин афрод на танҳо вазирон, балки муовинони онҳо ва бачаҳо аз Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон низ ҳастанд. Одамони Матраимов дар ҳамаи ҷо, дар ниҳодҳои қудратӣ ва ҳатто миёни рӯзноманигорон низ ҳастанд. Матраимов дар Қирғизистон сохтори мафиявӣ ташкил кардааст", - изҳор дошт ӯ.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки президенти ояндаи Қирғизистон мубориза бо ин сохторро идома хоҳад дод, зеро заминаи он аллакай гузошта шудааст. "Ҷомеа" ва созмонҳои байналмилалӣ низ медонанд, ки дар Қирғизистон мафия вуҷуд дорад", - афзуд ӯ.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.

Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Баъд аз нашри силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Райимбек Матраимов, бародараш, вакили порулмон Искандар Матраимов ва бунёди хайрияи “Исмоил Ата” ба зидди Радиои Озодӣ, хабарнигор Алӣ Токтакунов ва сомонаи Kloop ба додгоҳ шикоят карданд. Искандар Матраимов гуфта буд, ки таҳқиқот бо ҳадафи беобрӯ кардани онҳо нашр шудааст.

Дар Қазоқистон як зан баъди дархости кумак аз мақомот хост, худро оташ занад

Қазоқистон. Эътирози гурӯҳе аз сокинон. Акс аз бойгонӣ.

Индира Усетаева, сокини шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки аз мақомоти маҳаллӣ кумак хоста буд, шоми 26 ноябр дар назди бинои шаҳрдорӣ ба сару рӯяш бензин пошида, талоши худсӯзӣ кард. Вале кормандони пулис монеи худсӯзии ӯ шуданд.

Шаш зане, ки ҳамроҳи Усетаева рафта буданд, истеъфои шаҳрдор Мурод Айтеновро талаб карданд. Ин занон аз иттилоияи шаҳрдории Чимкент, ки гуфтааст, ҳамаи муроҷиаткунандаҳо дар рӯзи 23 ноябр "кумаки молӣ дарёфт карданд", ба ғазаб омадаанд.

Он рӯз дар назди бинои шаҳрдории Чимкент бо талаби истеъфои Айтенов беш аз 100 зан ҷамъ омада буданд. Яке аз занҳо гуфт, чизе надорад, ки хонаашро гарм кунад ва дигарӣ изҳор дошт, ки фарзандони ӯ ба Интернет дастрасӣ надоранд, то таҳсили худро идома диҳанд. Севумӣ изҳори нигаронӣ кард, ки чизе барои хурдан надорад.

Шаҳрдории Чимкент 25 ноябр бо нашри иттилоияе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ба ҳафт зане, ки муроҷиат карда буданд, аз ҷониби давлат кумаки молӣ расонида шуд. Дар иттилоия қайд шуда буд, ки Усетаева беш аз 1 миллион танга дарёфт кард.

Вале занон 26 ноябр дубора дар назди шаҳрдории Чимкент ҷамъ шуда, хабари мазкурро дуруғ номиданд. Онҳо аз шаҳрдор талаб карданд, ки қазияро шарҳ диҳад. Вале Айтенов ба назди онҳо набаромад.

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, мақоми расмии забони русӣ бекор карда шавад

Қомуси русӣ-қирғизӣ. Акс аз бойгонӣ.

Узви Маҷлиси конститутсионии Қирғизистон Садирдин Торалиев дар ҷаласаи рӯзи 26 ноябр пешниҳод кард, аз Конститутсия бандеро ҳазф кунанд, ки ба забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ медиҳад.

"Ман мефаҳмам, ки шаҳрвандон ҳар қадаре забон бештар донанд, ҳамон қадар хуб аст ва мо низ ба воситаи забони русӣ ба бисёр чизҳо ноил шудем. Вале мо бояд қонуни алоҳидаеро қабул карда, забонҳои хориҷиро рушд диҳем. Дар Конститутсия танҳо мақоми забони қирғизӣ дарҷ ёбад", - изҳор дошт Торалиев.

Ба гуфтаи ӯ, агар зарурат набошад шаҳрвандони Қирғизистон забони миллиро нахоҳанд омӯхт.

"Мо ба забони русӣ одат кардаем. Ин гуна набояд бошад. Мо забони худро аз даст медиҳем. Инсон ҳамин хел аст, ки то ӯро вазифадор накунӣ, ӯ чизеро намеомӯзад", - афзуд узви маҷлис.

Тибқи Конститутсияи кунунии Қирғизистон, забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ дорад. Иттиҳоди нерӯҳои сиёсии Қирғизистон, ки соли 2019 ислоҳоти конститутсиониро хостор шуда буд, пешниҳод кард, то мақоми расмии забони русӣ бекор шавад. Вале иҷрокунандаи пешини вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи октябри соли равон дар мулоқот бо сафири Русия гуфт, ин масъала баррасӣ нахоҳад шуд.

Дар Туркманистон мубориза бо фурӯшандаҳои асъор сахттар шуд

Пули миллии Туркманистон.

Дар Туркманистон мубориза бар зидди хариду фурӯши асъори хориҷӣ тақвият дода шудааст. Дар натиҷа қурби 1 доллари амрикоӣ, ки то ду ҳафта пеш дар "бозори сиёҳ" 23 манат буд, ба 25,6 манат расид.

Болоравии қурби доллар нархи маҳсулотро ҳам дар бозорҳои Туркманистон 10-15 дарсад боло бурдааст.

Чанд манбаъ гуфтанд, кормандони пулис рӯзҳои ахир мубориза бо саррофонро дар бозорҳои шаҳри Туркманобод сахттар кардаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, кормандони пулис саррофонро бо суханҳои қабеҳ аз бозор меронанд ва мегӯянд, дигар барнагарданд.

"То чанде пеш саррофон муштариёнро дар бозорҳо истиқбол гирифта, "мепурсиданд, ки доллар ҳаст?". Вале аз дирӯз дар ҷойҳое, ки саррофон меистоданд, кормандони пулис дида мешаванд", - гуфт хабарнигор.

Як сарроф аз Туркманобод ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, муборизаи кормандони пулис бо саррофон аввали ҳафтаи равон оғоз шудааст, вале сабабҳояш ба онҳо маълум нест.

Facebook ҷаримаи таъйин кардаи додгоҳи Русияро пардохт

Акс аз бойгонӣ.

Ширкати Facebook чаҳор миллион рублеро пардохт кард, ки додгоҳи Русия барои интиқол надодани сервери маълумоти шахсии корбарони рус ба он кишвар ширкатро ҷарима баста буд. Дар ин бора "Интерфакс" бо истинод ба Додгоҳи Тагани шаҳри Москва иттилоъ дод.

Додгоҳи Русия моҳи ферали соли равон Facebook ва Twitter-ро барои нақзи қонуни ин кишвар дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии корбарони рус дар ҳудуди он кишвар 4-миллионрублӣ ҷарима баст.

Дар як қатор давлатҳои дунё қонуне қабул шудааст, ки ширкатҳои иҷтимоиро вазифадор мекунад, то сервери маълумоти шахсии корбаронро дар ҳудуди кишварҳояшон нигаҳ бидоранд.

Додгоҳ ҳамчунин моҳи апрели соли 2019 Facebook ва Twitter-ро барои надодани иттилоъ дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии корбарони рус ба "Роскомнадзор" се ҳазор рубл ҷарима баста буд.

Маҳмуди Аҳмадинажод: Қонуни ҳиҷоб бояд бо хости аксарияти мардум мутобиқ бошад

Маҳмуди Аҳмадинажод

Раиси ҷумҳури пешини Эрон гуфтааст, қонуни ҳиҷоб дар Эрон бояд бо хости аксарияти мардум мутобиқ карда шавад. Маҳмуди Аҳмадинажод дар суҳбат бо Меҳдии Насирӣ, сардабири собиқи рӯзномаи "Кайҳон" бо ишора ба қонуни ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон гуфтааст, "агар Маҷлис як қонун гузоштаву аксарияти ҷомеа мегӯяд, ман қабул надорам, метавонед бигӯед, ки ба ҳар қимате ҷорӣ мекунам?" Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, навишт, мусоҳибаи Аҳмадинажод рӯзи 26-уми ноябр тавассути Ютюб ва шабакаи иҷтимоии Телеграм нашр шуд. Қаблан Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ аз ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон дифоъ карда, онро монеи "озори ҷинсӣ" номида буд. Дар солҳои поёнии давраи дувуми раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод нишонаҳое аз ихтилофи миёни ӯ ва Хоманаӣ пайдо шуд. Вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии се сол пеш номзадиашро пешниҳод кард, ки гуфта мешуд "бар хилофи тавсияи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ" буд ва ба ҳамин далел Шӯрои нигаҳбон номзадии ӯро рад кард.

Дагир Хасавов, вакили хонаводаи Ҳувайдо Тилозода, 6 сол зиндонӣ шуд

Дагир Хасавов. 13-уми ноябри 2020

Дагир Хасавов, вакили мудофеи шинохтаро дар Русия ба 6 сол зиндон маҳкум кардаанд. Хабаргузории ТАСС навишт, ҳукми додгоҳи Измайловои шаҳри Маскав рӯзи 26-уми ноябр содир шуд. Ӯро барои шаҳодат ё баёноти бардурӯғ айбдор кардаанд. Қаблан намояндаи додситонӣ барояш тақрибан 7 соли маҳрумӣ аз озодиро талаб карда буд. Александр Лебедев, вакили мудофеи Дагир Хасавов, ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, бино ба ҳукми додгоҳ "ӯ давраи ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард". Вале айни замон афзудааст, аз рӯйи ҳукм шикоят мекунанд, чун ба бегуноҳии нафари зери ҳимояташ бовар доранд. Ин вакили шинохта рӯзи 17-уми сентябри соли 2019 дастгир шуд. Вай он замон аз ҳаққи хонаводаи Ҳувайдо Тилозода, кӯдаки қатлшудаи тоҷик дар Русия ҳимоят мекард. Ҳамзамон вакили дифои раҳбари пешини ҳукумати Доғистон Абдусамад Ҳомидов ва муовини ӯ Раюдин Юсуфов буд. Ӯро дар доираи ҳамин парванда боздошт карданд. Худи Хасавов иттиҳомро беасос дониста, боздоштро дорои ангезаҳои сиёсӣ донистааст. Дагир Хасавов моҳи январи соли 2016 барои суҳбат бо аъзои он замон боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломӣ ба Душанбе рафта буд, аммо пас аз як нишасти матбуотӣ зуд баргашт.

Парвозҳои Fly Dubai-ро ба Тоҷикистон кам кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai парвози доимиашро ба Тоҷикистон кам кардааст. Аз ин ба баъд ҳавопаймои ширкат ҳафтае як бор дар масири Дубай - Душанбе ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Чунин тасмимро Ситоди мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон ва бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир гирифтааст. Намояндагони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло гуфтушунид дар бораи барқарории парвозҳои доимӣ бо Чину Тошканд ва Русия идома дорад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG