Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лубиёи олмонӣ низ манбаъи E.coli набудааст


Гумон мерафт, манбаъи бактерия дар ҳамин гармхона дар шимоли Олмон бошад
Гумон мерафт, манбаъи бактерия дар ҳамин гармхона дар шимоли Олмон бошад
Мақомоти Олмон мегӯянд, таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки навдаҳои лубиё аз як фермаи маҳаллӣ дар шимоли Олмон низ манбаъи шуйюъи бактерияи кушандаи E.coli нест. То имрӯз бар асари сирояти ин бактерия 23 нафар, аксар дар Олмон, ҷон додаанд. Қаблан бодиринги испаниро иштибоҳан манбаъи ин бактерия ном бурданд, ки боиси коҳиши башиддати фурӯши сабзавоти испанӣ дар бозорҳои Аврупо шуд ва кишоварзони он кишвар хисороти худро садҳо миллион евро баровард мекунанд. Рӯзи сешанбе дар нишасти изтирории вазирони кишоварзии ИА дар Люксембург ҳамин мавзӯъ - асароти шуйюъи бактерия барои тавлидкунандагони сабзавот ва роҳҳои ҷуброни хисороти кишоварзон - баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG