Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои муштараки Русияву НАТО


Русияву НАТО ба машқҳои муштараке шурӯъ карданд, ки ба сари худ бесобиқа унвон шуда, тайи он шеваҳои муқобила бо талоши сирқати ҳавопаймоҳои мусофирбарро тамрин мекунанд.
НАТО гуфт, дар ин машқҳои панҷрӯза, ки ғолибан бар фарози баҳри Сиёҳ ва дар ҳарими ҳавоии Лаҳистон хоҳад гузашт, халабонҳо аз нирӯҳои ҳавоии Русияву Лаҳистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард. Ин нахустин мавриди машқҳои муштараки зиддитеррористии Русия бо НАТО буда, НАТО ҳадафи аслӣ аз машқи мавсум ба «Vigilant Skies 2011”-ро эъмори ҳусни эътимод байни ҷонибҳо меномад.
XS
SM
MD
LG