Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Лашкари Тайибаро ба ал-Қоида ташбеҳ дод


Ҷанет Наполитано
Ҷанет Наполитано
Раиси созмони амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида гурӯҳи ситезаҷӯи Лашкари Тайиба дар Покистонро ба Ал-Қоида монанд кард ва гуфт, он метавонад ба Амрико таҳдид кунад. Ин изҳороти Ҷанет Наполитано пас аз дидору гуфтшуниди ӯ бо мақомоти амниятии Ҳиндустон садо дод. Ҳинд Лашкари Тайибаро масъули ҳамлаи террористии соли 2008 дар Мумбай медонад, ки бар асари он 166 нафар кушта шуд. Мақомоти ҳинд ҳамчунин созмони ҷосусии Покистонро дар ҳимоят аз фаъолияти Лашкари Тайиба айбдор мекунанд. Наполитано гуфт, тавоноии Лашкар аз Ал Қоида камтар нест ва он на танҳо ба Ҳинд таҳдид мекунад, балки метавонад як хатаре ба амнияти Иёлоти Муттаҳида бошад.
XS
SM
MD
LG