Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 23 сарбоз ва 35 ҷангҷӯ кушта шуданд


Полиси Покистон мегӯяд, дар ҷанг бо ситезаҷӯён дар як посгоҳи дурдаст дар марз бо Афғонистон дасти кам 23 сарбоз ва 35 ҷангҷӯ кушта шуданд. Ба гуфтаи полис, даргирӣ бо 200 ситезаҷӯ, ки аз Афғонистон ворид шуда ба посгоҳи марзии Шалтау дар ноҳияи Дери Боло ҳамла карданд, то зӯҳри имрӯз идома кардааст. Дар ин даргириҳо, ғайринизомиён ҳам қурбон шудаанд ва талафот дар миёни ҷангҷӯён ҳам зиёд будааст. Ду сол пеш, артиши Покистон барои маҳви Толибон амалиётеро дар ин минтақа шурӯъ кард ва садҳо нафар аз онҳо ба Афғонистон гурехтанд.
XS
SM
MD
LG