Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пойтахти Яман даргириҳо авҷ мегирад


Бино ба гузоришҳо, мардуми зиёде аз қабоили Яман имрӯз ба хотири ҳимояти раҳбари худ, Шайх Содиқ Ал Аҳмар, озими пойтахт шаҳри Санъо шудаанд, ки размандагони ӯ алайҳи нерӯҳои давлатӣ меҷанганд. Дар ҷангҳои шаби гузашта дар шаҳр дасти кам 15 нафар кушта шуданд. Ҳамчунин аз шаҳри Таъизи Яман доир ба даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва тазоҳургарон гузориш шудааст. Тайи як ҳафтаи гузашта дар инҷо дасти кам 40 нафар кушта шудаанд. Сар аз моҳи январ то кунун, ҳазорон нафар бо тазоҳурот, истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яманро талаб доранд, ки созишеро барои супурдани қудрат имзо кард ва сипас аз он даст кашид ва кишварашро ба хунрезӣ кашид.
XS
SM
MD
LG