Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дигарбора дар бораи ҳамлаҳои НАТО ҳушдор дод


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳушдор додааст, дар сурати идомаи талафоти ғайринизомиён дар ҳамлаҳои нерӯҳои НАТО, ба нерӯҳои он ба унвони як нерӯи ишғолгар нигоҳ хоҳанд кард. Ҳомиди Карзай дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул сухан гуфт ва баъди он ки ба гуфтаи мақомоти афғон дар ҳамлаи нерӯҳои НАТО дар рӯзи шанбе дар вилояти Ҳилманд, 14 ғайринизомӣ кушта шуданд. Ҳомиди Карзай гуфт, “мардуми Афғонистон дигар таҳаммули чунин ҳамлаҳоро надоранд”. Ба гуфтаи НАТО, рӯзи шанбе баъди ҳамла ба як гурӯҳи гаштзанӣ ба вилояти Ҳилманд ҳамла кардааст ва барои талафоти ғайринизомиёни афғон узр хостааст.
XS
SM
MD
LG