Вакилони дифои Ратко Младич мегӯянд, ба додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбии Ҳейг муроҷиат карданд, ки истирдоди фармондеҳи пешини сербҳои Боснӣ ба ин додгоҳ ба иллати вазъи саломатии ӯ амалӣ нашавад. Додгоҳ бояд имрӯз ин дархостро баррасӣ кунад. Младич ба ташкили қатли оми мусулмонон дар Сребренитса ва муҳосираву тирборони Сарайево дар давраи ҷанги солҳои 1992-1995-и Боснӣ айбдор мешавад. Вай пас аз 16 соли пайгард ҳафтаи гузашта дар Сербия боздошт шуд. Пизишкони давлатӣ аллакай гуфтаанд, Младич қобили интиқол ба додгоҳи Ҳейг аст.