Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Аҳмадов: "Маро касе ба кор даъват накардааст"


Мирзохуҷа Аҳмадов-яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик ва собиқ фармондеҳи идораи умури дохилӣ дар минтақаи Рашт ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, ки касе ӯро барои кор ба идораи умури дохилии минтақаи Рашт даъват накардааст. Ба гуфти Аҳмадов атрофиёни ӯ ба мисли ҳар шаҳрванди дигари ҷумҳурӣ ҳақ доранд, ки аризаи дархости кор дар ин идораро пешкаш намоянд ва шояд онҳо ин корро карда бошанд. Изҳороти ҷаноби Аҳмадов дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯз пеш Олим Одилов, яке аз афроди наздики Мирзохӯҷа Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди бозгашти Аҳмадов ва
шариконаш ба сари кор бо масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мувофиқат ҳосил шуда ва дар ҳоли ҳозир Аҳмадов ва 10 нафари дигар аз ҳамроҳонаш мунтазири эълони фармони
вазир ҳастанд.
XS
SM
MD
LG