Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП Душанберо аз чолишҳои мавҷуд ҳушдор додааст


Сандуқи байналмилалии пул(СБП) ба дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон баҳои хуб дода, ҳамзамон Душанберо аз чолишҳои эҳтимолӣ ҳушдор додааст. СБП бар асоси машваратҳои ахиран бо мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, рушди маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар соли ҷорӣ 5,8 дарсад пешбинӣ мешавад, ки тақрибан ҳамсанги мизони рушди кишварҳои калидии минтақа аст. Ин ниҳоди молӣ афзоиши қимати пахта дар бозорро заминаи муносиб барои рушди пахтакорӣ номида, вале гуфтааст, афзоиши давомдори нархи ғизову маводи сӯхт метавонад ба афзоиши таваррум ва фақр бипечад.
Таъкид шудааст, ки низоми молии Тоҷикистон низ бо вуҷуди як андоза беҳбуд ёфтанаш ҳамчунон осебпазир боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG