Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадри бузургон ва зиндаҳоро бидонем


Ин нома дар посух ба навиштаи Қамари Аҳрор "Лоиқ Шералӣ -- шоири дардошно" ба дасти расид ва тасмим гирифтем, онро дар шакли мустақил нашр намоем. Нависандаи матлаб номи одие ба худ гирифтааст: "Тоҷик"

Мақолаи хуб!!! Ташаккур ба Қамар ва журналистон, ки имрӯз нақши муҳаққиқиву мунаққидиро анҷом дода истодаанд.

Вале дар вокеъ боиси таассуф аст, ки муҳаққиқони соҳаи адабиёти мо, сарфи назар аз он ки мо филологҳои бешуморе дорем, кори самараноке оиди назми асри 20-и мо пажӯҳиши вижае накардаанд, ё карда бошанд ҳам, дастраси умум нест. Ашъори Қаноату Лоиқу Гулрухсор ва Фарзона омӯхта нашуда истодааст, ки хеле бад аст. Масалан, нигох кунед ба ҳамсояҳо, ки аз як нозимаке (на шоир!!!) пайғамбаре месозанд, аммо мо...

Имрӯз ҳукумат бояд ба қадри шоирону адибони зинда бирасад, эҳтиром кунад, ки фардо дер хоҳад шуд. Қариби як сол мешавад , ки Қаноатро ором намегузоранд, чоплусҳои дарборӣ. О то кай ин фарҳанги мурдапарвариро пеш мегирем??? Инсонхоро дар зиндагияшон эҳтиром бояд кард, на бабди марг!!!

Лоиқ дар вокеъ шоири асри бисти точик буд, ки рақиб надошт!!! Ӯ болотар аз як шоир як мутаффакири миллатдӯсту ватанпарвар буд. Дигар хосияту вижагии ашъори Лоиқ дар он аст, ки ӯ дар тамоми мавзуъ эчод кардааст, ки чунин шоир дар Тоҷикистон кам андар кам аст.

Ӯ ҳамчун инсон марди ҳақиқӣ буд ва мардони ҳақиқиро мехост, ҳатто душмани мардро, ки худи ӯ мегӯяд:

Душманонам заифу номарданд!
Душмани мард мехоҳам.
Мисли худ покбозу покимон,
Як чавонмард мехоҳам.


Аммо, мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯз ҷавонмардон ангуштшуморанд. Ӯ воқеан миллатдӯсту фарҳангӣ буд!!! Чуноне ки дар даврони шӯрави дар радиои Точикистон барномаи Шоҳномахонӣ дошт, ки барои асолату бедоркунии ифтихори миллӣ нақши боризе гузоштааст.

Бемуболиға ӯ зиндакунандаи таърих буд!!! Масалан қисматҳои Шоҳномаро ба забони оммафаҳмтар эҷод кард (“Илҳом аз Шохнома”), ки дар радифи романи “Достонҳои Шоҳнома”-и Улуғзода аст.

Ӯ марди миллат буд!!! Ӯ барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ кӯшиши беандозае ба харҷ додааст. Маҳз ӯ ва ҳамраҳони ӯ буданд, ки дар соли 1989 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Ӯ забони модарӣ-тоҷикиро он қадар дӯст медошт ва эҳтиром мекард, ки мегӯяд:

Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модари гум кардааст!!!


Ҳалолтарини ҳалолҳо ин барои як инсон шири модар аст. Аммо Лоиқ касе, ки забони модариро гум мекунад ва эҳтиром намекунад шири поки модарро ба ӯ ҳаром мегардонад.

Лоиқ марде буд озодандеш, озодгӯ, озода. У шоири миллат буд ва тоҷикона мегуфт. Барои миллат хун мегирист, нола мекард ва ҳамзамон аз дастовардҳои миллат сипосгузору рӯҳбаланд мегашт. Ва ӯ мегуяд, камтарин тоҷик чун ман дар ғами миллат бисӯзад , ин миллат мешукуфад.

Ӯ ҳастиашро ба миллат бахшида буд, барои ӯ болотар аз миллат арзиши дигаре вуҷуд надошт. Ва ӯ барои ваҳдати миллӣ нақши мубраме дорад, ки мо хуб медонем.

Шеъри Лоиқ соф, беолоиш ва мардумист, ки ин вижагии ӯ боис шудааст, ки тоҷике нест, ки аз ашъори ӯ байте, рубоие, ғазале надонад. Ин воқеан боиси ифтихори ҳар як тоҷику адабиёти тоҷик аст. Ӯ воқеан шоири мардумӣ буд.

Рӯҳат шод бод. Худованд ҷоятро Хулди барин гардонад!

Тоҷик
XS
SM
MD
LG