Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Обама бо Нетаняҳу музокирот мекунад


Имрӯз дар Вошингтон музокироти миёни раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняху баргузор мешавад.

Дирӯз Обама дар суханронии худ оид ба таҳаввулоти Ховари Миёна ва шимоли Африқо хостори таъсиси давлати Фаластин дар марзҳои то соли 1967 шуд.

Ва аммо Нетаняху ин пешниҳодро рад кард ва изҳор намуд, ки ин иқдом ҳаёти мардуми Исроилро зери хатар бурда, маҳаллаҳои зиёди яҳудинишин берун аз марзҳои феълии кишвар хоҳанд монд. Айни ҳол тақрибан 300 ҳазор исроилиҳо дар манотиқи ишғолии Каронаи бохтарии руди Урдун ба сар мебаранд.

Маҳмуди Аббос, раҳбари идораи худгардони Фаластин, аз талошҳои Барак Обама барои эҳёи музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластин, ки соли гузашта ба бунбаст ворид шуд, истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG